Ҷумҳурии Тоҷикистон
Асоси ҳуқуқии соҳибият ва қатъ гардидани шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Конститутсия ва Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8-уми августи соли 2015 ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ мебошад.
Мувофиқи моддаи 15-и Конститутсия «шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рӯзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад». Яъне Конститутсия танҳо як ҳолати соҳибиятро ба шаҳрвандӣ таҳким бахшидааст. Дигар асосҳои соҳибият, ҳамчунин қатъ гардидани шаҳрвандӣ бо Қонуни конститутсионии зикршуда муайян карда мешаванд. Чунин асосҳо тибқи моддаҳои 12 ва 20-и Қонуни конститутсионии мазкур инҳо мебошанд:
№ | Соҳибият ва шаҳрвандии ҶТ | Қатъ гардидани шаҳрвандии ҶТ |
1 | Аз рӯйи таваллуд | Дар натиҷаи баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
2 | Дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ | Аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
3 | Дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ | Бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
4 | Бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳадди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон | Бо роҳи интихоб намудани шаҳрвандии давлати дигар дар сурати тағйир ёфтани Сарҳадди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
5 | Аз рӯйи асосҳои дигар | Аз рӯйи асосҳои дигар |
Соҳибият ба шаҳрвандии Тоҷикистон аз рӯйи таваллуд дар асоси моддаи 13-и Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи шаҳрвандии ҶТ» асосҳо ва тартиби соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ муфассал муқаррар карда шудааст: Кӯдаке, ки падару модари ӯ ё падар ё модари ягонаи ӯ ҳангоми таваллуд шуданаш шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, новобаста ба ҷойи таваллуд, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад; ҳангоми гуногун будани шаҳрвандии падару модар, ки яке аз онҳо дар вақти таваллуди кӯдак шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, кӯдак шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис- тонро доро мешавад, агар ӯ:
Яке аз асосҳои ба даст овардани шаҳрвандӣ дар натиҷаи қабул ба шаҳрвандӣ (натурализатсия) мебошад, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд, ки ба синни ҳаждаҳ расидаанд, новобаста аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, таҳсил, вазъи иҷтимоӣ ва (ё) моддӣ дар асоси дархост метавонанд ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
1) истиқомати доимӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат; 2) донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират; 3) таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан.
Дигар ҳолати соҳиб гардидани шаҳрвандӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар асоси Қонуни конститутсионӣ чанд ҳолате, ки боиси барқарор шудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуда метавонад: 1) бо сабаби тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар; 2) бо сабаби фарзандхондӣ аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадаанд; 3) шаҳрвандони собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тибқи дархосташон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарор карда шаванд.
Дар баробари ин қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин асосҳои қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ пешбинӣ намудааст. Моддаҳои 20, 25-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» асосҳои қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро нишон додааст.
Яке аз асосҳои қатъшавии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикис- тон аз даст додани шаҳрвандӣ мебошад. Қонуни конститутсионӣ ду ҳолатро муқаррар кардааст, ки шаҳрванд дар сурати мавҷудияти онҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст медиҳад:
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар натиҷаи бекор кардани қарор дар бораи қабул ба шаҳрвандӣ қатъ мегардад. Қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсе бекор карда мешавад, ки ӯ дар асоси маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудааст. Далели пешниҳоди маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ бо тартиби судӣ муқаррар карда мешавад.
Реклама