Ҳуқуқи инсон бо дарназардошти замони пайдоиш ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:
Насли якуми ҳуқуқи инсон. Ин насли ҳуқуқи инсон охири асри XVIII пайдо шудааст. Ҳуқуқ ба озодии андеша, озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, ҳуқуқи ҳар як шаҳрванд ба иштирок дар идораи давлатӣ, ҳуқуқ ба баробарӣ дар назди қонун, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ ва амнияти шахсӣ, ҳуқуқ ба озодӣ аз дастгиркунии беасос, ҳуқуқ ба интихоб шудан ва интихоб намудан, ҳуқуқ ба баррасии парванда аз ҷониби суди мустақил ва беғараз аз ҷумлаи ҳуқуқҳои асосие мебошанд, ки ба насли якуми ҳуқуқи инсон мансубанд. Ҳуқуқҳои насли якум инъикоси худро дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ёфтаанд.
Насли дуюми ҳуқуқи инсон дар ҷараёни муборизаи одамон барои беҳтар кардани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба вуҷуд омадаанд. Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби озоди касб, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ, ҳуқуқ ба истироҳат, ҳуқуқ ба гирифтани маълумот, ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷамъият, ҳуқуқ ба ҳифзи модар ва кӯдак аз ҷумлаи ҳуқуқҳои насли дуюми ҳуқуқи инсон ба шумор мераванд.
Насли сеюми ҳуқуқи инсон солҳои 70-уми асри ХХ ташаккул ёфтааст. Ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ, ба ҳаёти осоишта, ҳуқуқ ба тараққиёт, ҳуқуқ ба муҳити солими гирду атроф, ҳуқуқ ба истифодаи мероси миллӣ, аз қабили чунин ҳуқуқҳо ба шумор меравад.
Реклама