§6. Механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқи инсон

Механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи ҳуқуқи инсон дар баробари механизмҳои судӣ ва ғайрисудии ҳифзи ҳуқуқи инсон нақшу мавқеи ба онҳо хосро доро буда, тавассути созмонҳои ғайриҳукуматӣ амалӣ гардонида мешаванд. Ҷомеаи инсонӣ, бо вуҷуди он ки барои ҳалли масъалаҳои идоракунии давлату ҳукумат созмон додааст, ба муттаҳидшавии одамон берун аз доираи ҳукумат, ки дар баробари ҳукумат масъалаҳои ҷамъиятиро ба манфиати беҳбуди он ҳал мекунанд, ниёзманд аст. Ин созмонҳо ба таври ихтиёрӣ аз тарафи одамон созмон дода шуда, созмонҳои ғайритиҷоратии пайрави арзишҳои умумибашарӣ мебошанд. Масалан, онҳо масъалаҳои мавҷударо ба давлат ва сохторҳои он маълум сохта, дар меъёрофаринӣ фаъолона ширкат меварзанд, дар назди ҳукумат оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, экология, тандурустӣ, маориф, фарҳанг масъалагузориҳо мекунанд ва андешидани тадбирҳои мушаххасро талаб менамоянд, мониторинги фаъолияти мақомоти давлатиро гузаронида, дар ин хусус аҳли ҷомеаро хабардор месозанд.

Созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар мамлакатҳои дорои анъанаҳои демократӣ дар муносибатҳои байни ҷомеа ва давлат воситае буда, ба беҳшавии ин муносибатҳо мусоидат мекунанд, ҳодисаҳои вайрон кардани ҳуқуқи инсонро аз ҷониби давлат пешгирӣ менамоянд. Хушбахтона, дар мамлакати мо бо раванди афзоиши теъдоди Созмонҳои ғайриҳукуматӣ мавқеъ ва нақши онҳо низ бобати банизомдарории муносибатҳои байни ҳокимият ва ҷомеа беш аз пеш вусъат меёбад. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ институти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошанд. Барқарорӣ ва инкишофи созмонҳои ғайриҳукуматӣ ба пешрафти босуръати ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат мекунанд. Ҷомеаи шаҳрвандӣ ба арзишҳое чун эътирофи ҳуқуқи инсон, дахлнопазирии онҳо, гуногуншаклии моликият, озодии меҳнат ва соҳибкорӣ, худидоракунӣ ва озодии афкор арҷ мегузорад.

Асосҳои ҳуқуқии ташкилёбӣ ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ. Асоси ҳуқуқии ташкилёбӣ ва фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (соли 1998) мебошанд. Дар моддаи 28-и Конститутсия омадааст, ки шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба он дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Ин меъёри конститутсионӣ ба шаҳрвандон ҳуқуқ медиҳад, ки дар созмонҳо ва иттиҳодияҳо муттаҳид шаванд. Созмонҳои ғайриҳукуматӣ иттиҳодияи шаҳрвандон ба шумор мераванд ва фаъолияти онҳо бо Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (соли 1998) танзим карда мешавад. Шаҳрвандон дар асоси ин қонун бо мақсади дар ҳаёт татбиқ намудани ҳуқуқҳои шахсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ва ҳифзи манфиатҳояшон метавонанд бе гирифтани рухсатии пешакӣ аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ муттаҳид шаванд.

Давлат ҳуқуқ ва манфиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад ва дар асоси Конститутсия барои иҷрои вазифаҳои оинномавии ин ташкилот шароит фароҳам меорад.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд созмонҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ таъсис ёбанд. Онҳо бо ташаббуси муассисонашон на камтар аз се нафар шахси воқеӣ таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар баробари шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ низ дохил шуда метавонанд.

Созмонҳои мазкур фаъолияташонро мувофиқи оинномаҳои қабулкардаашон, ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузаронида мешаванд, амалӣ месозанд. Ин созмонҳо баробари дигар субъектҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки талаботи Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро бечунучаро иҷро кунанд. Прокурори Генералӣ ва прокурорҳои тобеи он ба риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби ин созмонҳо назорат мебаранд.

Вазифаҳои асоси созмонҳои ғайриҳукуматӣ. Вазифаҳои асосии созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар оинномаҳои онҳо зикр мегарданд. Баъзе аз онҳо вазифаҳои маҳдуди муайян доранд, аммо аксарашон вазифаҳои универсиалие доранд, ки бо ҳифзи ҳуқуқи инсон вобастаанд. Онҳо дар раванди қонунэҷодкунӣ ширкат варзида, мониторинги риояи ҳуқуқи инсонро мегузаронанд, ба ниёзмандон кумак мекунанд, ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ машғул мешаванд, адабиёт ба нашр расонда, конференсия ва семинарҳо мегузаронанд, ҳамкориҳои байналмилалиро амалӣ месозанд.

Шаклҳои маъмули фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ. Яке аз навъҳои маъмули фаъолияти созмонҳои ғайриҳукуматӣ расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон ба табақаҳои ниёзманди аҳолӣ мебошад. Дар ин бобат созмонҳои ғайриҳукуматие чун «Ҳуқуқ ва некуаҳволӣ», «Маркази таҳлилии машваратӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон» ва ғайра корҳои зиёдеро ба ҷо меоранд. Маҳз бо ёрии созмони ғайриҳукуматии «Ҳуқуқ ва некуаҳволӣ» бисёр табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии худ муваффақ гардидаанд.

Созмони ғайриҳукуматии «Маркази таҳқиқоти гендерӣ» тавассути гузаронидани конференсияҳо ва семинарҳои гуногун, ҳамчунин чопи китобу брошюраҳо масъалаҳои марбут ба маърифати ҳуқуқии занон ва мардонро ба маълумоти ҷомеа расонида, масъалаҳои оилавиро ҳал мекунад, ба занҳо бо додани маслиҳатҳо кумак мекунад.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Кадом механизмҳои ғайриҳукуматии ҳифзи инсон ба шумо маълуманд?
  2. Созмони ғайриҳукуматӣ чист?
  3. Кадом созмонҳои ғайриҳукуматии Тоҷикистонро номбар карда метавонед?
  4. Вазифаи созмонҳои ғайриҳукуматӣ аз чӣ иборат аст?
  5. Нақши созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ҳифзи ҳуқуқи инсон дар чӣ зоҳир мешавад?

Реклама