Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» дар баробари ба воситаҳои ахбори омма додани ҳуқуқи озодона амал кардан, баъзе маҳдудиятҳои озодии сухан ва матбуотро низ таҳким бахшидааст.
Дар моддаи 6-и қонуни мазкур омадааст, ки интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.
Ҳамчунин истифодаи воситаҳои ахбори омма барои дахолат кардан ба ҳаёти шахсии шаҳрвандон, таарруз ба шарафу эътибори онҳо манъ буда, бо қонун таъқиб карда мешавад. Ҳар як рӯзноманигор вазифадор аст, ҳуқуқҳо, манфиатҳои ҳуқуқӣ, эътибори миллии шаҳрвандон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ташкилотро эҳтиром намояд.
Зарари маънавии ба шаҳрванд расонидашуда дар натиҷаи дар ВАО паҳн кардани маълумоти ноҳақи доғдоркунандаи шаъну эътибори шаҳрванд ё зарари дигари ба ӯ расонидашуда бо қарори суд талофӣ карда мешавад.
Маҳдудсозии озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор дар ҳолатҳое, ки агар маълумот ва иттилоот сирри давлатиро ташкил диҳанд ва агар дар мамлакат вазъияти фавқулода эълон шуда бошад, раво аст.
Мувофиқи моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯйи маълумоте, ки сирри давлатиро ташкил медиҳанд, бо қонун муайян карда мешавад.
Сирри давлатӣ – маълумоти ҳифзкунандаи давлат дар соҳаи мудофиа, иқтисодиёт, муносибатҳои беруна, амнияти давлатӣ ва ҳимояи тарғиботи ҳуқуқӣ мебошад, ки паҳн кардани он ба амнияти миллӣ ва иқтидори мудофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама