Ҳуқуқи муҳимтарини ҳар як инсон дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқ ба истироҳат мебошад. Ҳуқуқ ба истироҳат бо ҳуқуқи инсон ба меҳнат, шароити боадолатонаю муътадили меҳнат ва дигар ҳуқуқу озодиҳо, масалан, ҳуқуқҳои шахсӣ ва фарҳангӣ зич алоқаманд аст. Ҳуқуқ ба меҳнатро бидуни ҳуқуқ ба истироҳат тасаввур намудан душвор аст. Ин ҳуқуқҳо дар радифи якдигар амал менамоянд.
Ҳуқуқ ба истироҳат дар моддаи 7-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст. Дар он қайд карда мешавад: «Дамгирӣ, фароғат ва маҳдудияти бошууронаи вақти корӣ ва рухсатии даврии пардохтшаванда, ҳамчунин подош барои рӯзҳои ид» шароити муҳимми меҳнат ба шумор меравад.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқ ба истироҳат муқаррар гардидааст. Мутобиқи моддаи 37-и Конс- титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳуқуқи истироҳат дорад. Ин ҳуқуқ бо роҳи муқаррар кардани ҳафта ва рӯзи корӣ, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои ҳарҳафтаинаи истироҳат ва шароити дигаре таъмин карда мешавад, ки қонун муайян кардааст.
Ҳамин тариқ, аз меъёрҳои Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулоса баровардан мумкин аст, ки ба мазмуни ҳуқуқи мазкур масъалаҳои вобаста ба корманд пешниҳод кардани вақти озод барои барқарор кардани қувва ва қобилияти меҳнатии худ дохил мегарданд.
Реклама