Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ самти асосии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад, ки ба гурӯҳҳои алоҳидаи шаҳрвандон аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои марказонидашудаи характери иҷтимоидошта, ҳангоми фаро расидани ҳолатҳои дар қонун муқарраргардида равона мегардад.
Моддаи 39-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳуқуқии шаҳрвандонро дар соҳаи таъминоти иҷтимоӣ муқаррар кардааст. Мувофиқи он ба ҳар кас дар пиронсолӣ, дар ҳолатҳои беморӣ, маъюбӣ, аз даст додани қобилияти меҳнатӣ, маҳрум шудан аз парастор ва ҳолатҳои дигар, ки қонун муайян мекунад, таъминоти иҷтимоӣ кафолат дода мешавад. Нақши давлат дар амалисозии ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар таъминоти иҷтимоӣ басо бузург аст.
Мувофиқи моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон «Ҳар як инсон бa чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои сиҳатию некуаҳволии худи ӯ ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумият аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста ба ӯ бa вуҷуд меоянд, ҳуқуқ дорад. Модарону кӯдакон ба васоят ва кумаки махсус ҳуқуқ доранд. Ҳамаи кӯдаконе, ки дар ақди никоҳ ва берун аз он таваллуд шудаанд, бояд аз ҳимояи иҷтимоии баробар истифода намоянд». Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ низ дар моддаи 9-и худ «ҳуқуқи ҳар як инсонро ба таъминоти иҷтимоӣ» мустаҳкам намудааст.
Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ фарогирандаи ҳуқуқ ба нафақа ба сабаби пиронсолӣ, маъюбӣ, маҳрум шудан аз сарпараст ва гирифтани кумакпулиҳо ҳангоми беморӣ, барои тарбияи кӯдакон мебошад.
Реклама