Вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд на танҳо аз ҳуқуқ ва озодиҳо иборат аст, балки вазифаҳоро низ дар бар мегирад. Вазифаҳо бо ҳуқуқҳо дар алоқамандии зич қарор доранд ва мустаҳкамгардии онҳо дар боби 2-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати ин гуфтаҳост.
Вазифаҳои инсон ва шаҳрванд гуногунанд, чунки дар соҳаҳои ҷудогонаи ҳаёту фаъолияти инсон ва мутобиқи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ахлоқӣ ва дигари иҷтимоӣ иҷро карда мешаванд. Вазифаҳои ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллии давлатҳо муқаррар карда мешаванд.
Ҳамаи одамон дар назди қонун баробаранд ва бидуни ҳеҷ як тафовут ба ҳимояи баробари ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд. Ҳамаи одамон дар муқобили ҳар гуна табъизе, ки хилофи ҳамин Эъломия мебошад ва таҳдиди табъиз аз ҷонибе, ки набошад, ба ҳимояи баробар ҳуқуқ доранд.
Моддаи 7-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон
Дар байни вазифаҳои ҳуқуқӣ мавқеи марказиро вазифаҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ишғол мекунанд. Онҳоро вазифаҳои асосӣ (конститутсионӣ) меноманд.
Вазифаҳои асосӣ – ин талаботи ба таври конститутсионӣ мустаҳкамшуда ва бо ҷавобгарии ҳуқуқӣ ҳимояшавандаест, ки ба ҳар як инсон ва шаҳрванд пешниҳод гардида, бо зарурати иштироки он дар таъмини манфиатҳои ҷамъият, давлат ва шаҳрвандони дигар алоқаманд аст.
Ба вазифаҳои асосӣ (конститутсионӣ) шомиланд: вазифаи ҳар шахс оид ба риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон (моддаи 42-и Конститутсия), вазифаи муқаддаси шаҳрвандон дар ҷодаи ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он (моддаи 43-и Конститутсия), вазифаи ҳар як шахс оид ба ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ (моддаи 44-и Конститутсия), супоридани ҳатмии андоз ва пардохтҳои муайянкардаи қонун (моддаи 45-и Конститутсия).
Вазифаҳои зикргардида чунин хусусиятҳоро доро мебошанд: 1) хусусияти умумӣ доранд; 2) аз вазъи ҳуқуқии мушаххаси шахс вобаста нест; 3) дар сатҳи конститутсионӣ мус- таҳкам шудаанд.
Риоя гардидани вазифаҳои асосӣ (конститутсионӣ) бо тамоми чораҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ таъмин карда мешавад.
Вазифаҳои иловагӣ – вазифаҳое мебошанд, ки аз мазмуни дигар муносибатҳои ҳуқуқии дар қонунгузории ҷорӣ ва сарчашмаҳои дигари ҳуқуқ мустаҳкамгардида бармеоянд. Одатан, вазифаҳои ин гурӯҳ ба танзими муносибатҳои мушаххаси соҳаи муайян равона шудаанд. Ба ҷумлаи чунин вазифаҳо инҳоро дохил кардан мумкин аст: 1) гирифтани таълимоти умумии асосӣ; 2) вазифаи падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон; вазифаи фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар; 3) сари вақт ҳозир шудан ба кор.
Вақте давлат ба инсон ҳуқуқу озодиҳои муайянеро пешниҳод мекунад, баробари он ба зиммаи онҳо уҳдадориҳоро низ вомегузорад. Давлат ва ҷамъият он вақт ба таври самаранок фаъолият карда метавонанд, ки дар он тавозуни дурусти ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд ҷой дошта бошад.
Реклама