Ҳар кас сарфи назар аз мансубияти шаҳрвандӣ ҳуқуқи иштирок кардан дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, истифодаи муассисаҳои фарҳангӣ ва дастрасӣ ба арзишҳои фарҳангиро дорад. Ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангӣ дар низоми ҳуқуқҳои инсон ҷойи муҳимро ишғол мекунад.
Стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон ҳуқуқи иштирок дар ҳаёти фарҳангиро таҳким мебахшанд. Мувофиқи моддаи 27-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон «Ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа озодона ширкат варзад, аз ҳунар баҳра барад, дар пешрафти илм саҳм гирад ва аз дастовардҳои он истифода намояд. Ҳар як инсон ба ҳифзи манфиатҳои моддию маънавии худ, ки самараи корҳои илмӣ, адабӣ ё ҳунарии ӯ мебошанд, ҳуқуқ дорад». Давоми мантиқии ин меъёр дар моддаи 15-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст, ки ҳуқуқи ҳар як инсонро ба ширкат дар ҳаёти фарҳангӣ, истифода аз дастовардҳои пешрафти илмӣ ва татбиқи амалии онҳо, истифода аз ҳимояи манфиатҳои моддӣ ва маънавие, ки аз ҳама гуна осори илмӣ, адабӣ ва бадеии офаридаи ӯ бармеоянд, эътироф мекунанд.
Конститутсия ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳуқуқи иштироки озодонаро дар ҳаёти фарҳангӣ кафолат медиҳанд.
Ҳар шахс ҳуқуқ дорад озодона дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа, эҷоди бадеӣ, илмӣ ва техникӣ ширкат варзад, аз дастовардҳои онҳо истифода кунад. Сарватҳои фарҳангӣ ва маънавиро давлат ҳимоя мекунад. Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун аст. Моддаи 40-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Давлат барои дастрасии шаҳрвандони худ ба арзишҳои фарҳангӣ ва истифодаи дастовардҳои илмӣ ва эҷодӣ имкониятҳои мусоид фароҳам меорад.
Мутобиқи моддаи 5-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, маълумот, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, хусусияти касбу кор ҳуқуқҳои зерин доранд:
Барои амалисозии ҳуқуқ ва озодиҳои фарҳангӣ муассисаҳо ва ташкилоти фарҳангӣ мавҷуданд. Инсон ҳуқуқ дорад дар фаъолияти муассисаи фарҳангӣ ширкат варзад ё аз фаъолияти эҷодии он ҳаловат барад.
Ҳар кас метавонад аз арзишҳои фарҳангӣ истифода кунад. Моддаи 8-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» номгӯйи онҳоро таҳким бахшидааст. Ба арзишҳои миллӣ-фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфтҳои археологӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, коллексияи ашёи қадимӣ ва асарҳои санъат, аз ҷумла расмҳо, мусаввараҳо, асарҳои ҳайкалтарошӣ ва ғайра мансубанд.
Тарғибу ташвиқи мероси миллӣ-фарҳангӣ ва дастовардҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи муассисаҳои дахлдори давлати вогузор гардидааст.
Имрӯз ягон соҳае нест, ки дар он дастовардҳои илм ва техника истифода нашавад. Ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ як ҷузъи муҳимми ҳуқуқи инсон аст. Дастовардҳои илмӣ ба миллиардҳо нафарон кумак карда, мушкилии инсонро осон мекунад, то ин ки ба ҳамдигар гуфтугӯ кунанд, ба якдигар маълумоти заруриро расонанд. Ҳамзамон дастовардҳои илмӣ-техникӣ дар фаъолияти меҳнатии инсон саҳми хеле калон доранд.
Ҳуқуқи инсон ба дастовардҳои илмӣ-техникӣ маънои онро дорад, ки ҳар шахс ҳуқуқ дорад, аз натиҷаҳои илмӣ ва техникӣ, ки барои беҳбудии ҷомеа хизмат мекунанд, истифода барад. Вақте ки илму техника барои беҳтар намудани зиндагии инсон истифода мешаванд, онҳо бояд аз ҳама баҳоҳои табиӣ ва иҷтимоии баробар баҳравар шаванд.
Инсон ҳамчун ҷузъи таркибии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар рушди дастовардҳои илмӣ саҳми худро мегузорад. Ҳар кас метавонад дар пешрафти илм ва техника, таҳқиқот ва навовариҳо саҳм гузорад. Шахс ҳуқуқи пайгирӣ ва иштирок дар таҳқиқоти илмӣ ва илова намудани фикру хулосаҳои худ ба онҳоро доранд. Қобили тазаккур аст, ки таҳқиқоти илмӣ ва техникаи нав бо патентҳо ва ҳуқуқҳои муаллифӣ муҳофизат карда мешаванд. Дар натиҷаи истифодаи дастовардҳои илм ва техника инсон метавонад сатҳи дониши худро баланд бардорад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Моддаро азёд гӯед.
Реклама