§1. Мафҳуми маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон

Аз ҷониби ҳар як инсон амалисозии ҳуқуқу озодиҳояш бо масъулияти ӯ барои амалҳояш, инчунин уҳдадориҳои вай дар назди ҷомеа ва давлат пайванди ногусастанӣ дорад. Баҳри муваффақшавӣ ба мувозинати байни манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат маҳдудиятҳои оқилонаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷорӣ карда мешаванд.

Маҳдудсозӣ – воситаҳои муҳим ва зарурӣ, талаботи ахлоқию ҳуқуқӣ буда, барои таъмини инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва нигаҳдории ҳадди озодии одамон татбиқ мегардад.

Тадбирҳои маҳдудсозӣ набояд ғайриқонунӣ ва аз ҳад зиёд бошанд ва ҳуқуқу эътибори инсонро паст зананд.

Реклама