Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мавқеи назаррас дошта, дар таъмини адолати иҷтимоӣ ҷойгоҳи муҳимро ишғол мекунанд. Зеро онҳо озодии инсонро дар соҳаи иҷтимоӣ таъмин карда, имкони ҳимояи манфиатҳои ҳаётии инсонро фароҳам меоранд.
Ҳуқуқҳои иҷтимоии инсон ва шаҳрванд ба шахс сатҳи арзандаи зиндагӣ ва ҳангоми мавҷудияти шароити муайян имкони аз давлат гирифтани арзишҳои моддиро таъмин менамояд.
Ба ҳуқуқҳои иҷтимоӣ инҳо дохил мешаванд: ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва ёрии тиббӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ташкили оила, ҳуқуқ ба ҳимояи кӯдакон ва маъюбон, ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра.
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.
Қисми 3-и моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Аз меъёри конститутсия бармеояд, ки давлат уҳдадор аст, ки шароити кафолатдиҳандаи имкони арзанда барои ҳаёт ва инкишофи озодонаро дар кишвар ташкил ва таъмин намояд. Аз ин рӯ, мақсади давлати худро иҷтимоӣ эълон кардан, дастгирии чунин сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад, ки ба пешбурди ҳаёти арзанда дар лаҳзаи беморӣ, бекормонӣ, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои ба иродаи инсон вобастанабуда имкон медиҳад.
Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ дар алоқамандии зич бо ҳуқуқҳои иқтисодӣ қарор дошта, барои қонеъсозии талаботи муҳимтарин баҳри шаҳрвандон зарурӣ – манзил, ғизо, кор, истироҳат ва ғайра нигаронида шудаанд.
Реклама