§4. Субъектони ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ

Ҳар шахс аз рӯйи ҳама намуди парвандааш метавонад аз суд ҳимоя талаб намояд. Қонунгузорӣ чанд намуди парвандаро муайян намудааст: конститусионӣ, маданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, иқтисодӣ. Агар ҳангоми баррасӣ намудани парвандаҳо, новобаста аз намуди он суд ва ё дигар мақомоти давлатӣ меъёри қонунеро ба ҳаёт татбиқ намояд, ки вай аз нуқтаи назари шахс ҳуқуқҳои конститутсионии ӯро поймол намояд, дар чунин ҳолат метавонд ба Суди конститутсионӣ бо дархост муроҷиат намуда, талаб намояд, ки парвандаи ӯро баррасӣ намоянд.

Ҳаёти ҳаррӯзаи мо бештар аз муносибатҳои маданӣ иборат буда, баҳри қонеъ намудани манфиатҳои худ равона карда шудааст. Ҳама гуна муносибатҳои молумулкӣ, шахсию ғайримолумулкиро қонунгузории маданӣ ба танзим дароварда, дар ҳолати поймол шудани ҳуқуқҳои иширокчиёни ин муносибатҳо ҳар яки онҳо ҳуқуқ доранд, ки ба суд бо ариза муроҷиат намуда талаб намоянд, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои қонунии ӯро муайян карда, онро барқарор ва зарари расонидашударо сари вақт ҷуброн намояд.

Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ қоидаи ҳимоя намудани ҳуқуқҳои маданиро муқаррар намудааст. Дар он таъкид карда шудааст, ки ҳуқуқҳои вайроншуда ва ё зери баҳс қарордоштаро мувофиқи мансубияти идоравиашон, ки қонуни мурофиавӣ муқаррар кардааст, суд ҳал менамояд.

Ҳар рӯз мувофиқи аризаҳои даъвогии шаҳрвандон судҳо парвандаҳои маданӣ оғоз менамоянд, нисбати онҳо адолати судиро ба амал бароварда, ҳуқуқ ва манфиатҳои вайронкардашударо муайян карда, баҳри барқарор намудани онҳо чораҳои мушаххаси қонунӣ меандешанд. Мисол, шартномаи иҷора бекор карда шуда, манзил ба соҳибмулк баргардонида мешавад, даъво оид ба рӯёнидани товони зарари маънавӣ қонеъ карда мешавад, ақди никоҳ бекор карда шуда, барои нигоҳубини кӯдак алимент муқаррар карда мешавад, шахси ғайриқонунӣ аз кор озодкардашуда ба вазифааш барқарор карда мешавад.

Ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ бо парвандаи ҷиноятӣ низ зич алоқаманд аст. Мазмуни парвандаи ҷиноятиро баҳси миёни шахс ва давлат доир ба содир намудани кирдори ҷиноятӣ ва гунаҳкоронаи шахс ташкил медиҳад. Ҷабрдида ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки нисбати шахси содиркунандаи ҷиноят парвандаи ҷиноятӣ оғоз кунанд, ӯро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида, ҷазои сазовор диҳанд. Дар навбати худ, шахсе, ки ӯро дар содир намудани ҷиноят гумонбар пиндошта дастгир ва ҳабс намуданд, ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд.

Дар асоси Конститутсияи ҶТ (моддаи 84) ва Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҶТ (моддаи 8) адолати судиро танҳо суд ба амал мебарорад. Бинобар ин қоидаи хеле маъмул ва инсондӯс- тона, ки ҳолати ҳуқуқии гумонбар ва айбдоршаванда ба он асос меёбад, эҳтимолияти бегуноҳӣ эълон ва риоя карда мешавад.

Реклама