Ҳуқуқҳои сиёсӣ – маҷмуи ҳуқуқ ва озодиҳои ба шаҳрванди давлат мутааллиқ буда, ба ӯ имконият медиҳад, ки дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии мамлакат ва амалисозии ҳокимияти давлатӣ иштирок дошта бошад.
Ин ҳуқуқҳо ба шаҳрвандон имкон медиҳанд, ки бе ягон маҳдудият дар амалисозии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кунанд, ҳуқуқи баён ва ширкат дар муҳокимаи оммавиро дошта бошанд.
Ҳар як инсон маҷмуи ҳуқуқ ва озодиҳоро амалӣ месозад, вале ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсиро шаҳрвандони давлатҳои муайян доранд, яъне мавҷудияти онҳо ба мансубияти шаҳрвандӣ вобаста аст.
Ҳуқуқҳои сиёсӣ ҳам фардӣ ва ҳам дастаҷамъӣ мешаванд. Бисёр ҳуқуқҳои сиёсӣ аз ҷониби шаҳрванд ба таври инфиродӣ амалӣ мегарданд, шахсан ба ӯ имкон фароҳам меоранд, ки дар ҳаёти сиёсӣ фаъолона иштирок кунад. Ҳуқуқҳои сиёсии дастаҷамъӣ ақидаҳои сиёсии гурӯҳҳои одамонро ифода мекунанд ва тавассути амалҳои дастаҷамъӣ ба монанди таъсиси ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили намоишҳои осоишта ва иштирок дар онҳо амалӣ мешаванд.
Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии шаҳрвандон мутлақ нестанд ва дар асоси қонун метавонанд маҳдуд карда шаванд. Масалан, ҳуқуқи озодона баён кардани фикри худ бо мақсади эҳтироми ҳуқуқҳо ва нуфузи дигар одамон, ҳамчунин ҳимояи амнияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, саломатӣ ва маънавияти аҳолӣ метавонад то андозае маҳдуд карда шавад.
Реклама