Ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ яке аз вазифаҳои конститутсионии шахс ба шумор меравад. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки табиатро эҳтиёт намоянд, сарватҳои онро ҳифз ва талаботи қонунгузориро оид ба муҳофизати табиат риоя кунанд. Дар ҳолати вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ ҷавобгарии ҳуқуқӣ, яъне интизомӣ, маданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.
Ҳадафи асосии сиёсати давлат қонеъ гардонидани манфиати халқи худ мебошад. Бо мақсади ноил шудан ба ҳадафҳои мазкур давлат қонунҳо қабул менамояд, мақоми давлатиро таъсис медиҳад ва дар муносибатҳои байналмилалӣ ширкат меварзад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихӣ-фарҳангӣ», дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфтааст. Аз ҷумла, вазифаи ҳар як шаҳрванд оид ба ҳифзи табиат дар моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудааст, ки мутобиқи он ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ вазифаи ҳар як шахс аст.
Замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигарии табиӣ моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Ҳифзи муҳити зист вазифаи конститутсонӣ буда, шахсро ба он водор месозад, ки табиат, наботот ва ҳамчунин гирду атрофи манзил ва истиқоматгоҳи худро муҳофизат ва ҳимоя намояд. Зеро инсон аз азал бо табиат дар ҳамбастагӣ қарор дошта, неъматҳои онро чун манбаи ҳастӣ барои зиндагии хеш истифода мебурд, мебарад ва хоҳад бурд.
Дар Тоҷикистон мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва ба низоми муайян даровардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зисти диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди минбаъдаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифз ва истифодаи объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ» аз соли 2006, объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ – объектҳо ё ашёҳои таърихии фарҳанги моддӣ ва маънавӣ, ки аҳаммияти таърихӣ, илмӣ ва фарҳангии умумибашарӣ, умумидавлатӣ ё маҳаллӣ доранд, ба шумор мераванд. Ҳифзи давлатии объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ – низоми чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, молиявӣ, иттилоотӣ, моддию техникӣ аз тарафи давлат андешидашуда, ки барои дарёфт, баҳисобгирӣ, омӯзиш, пешгирии вайроншавӣ ва нобудшавӣ, назорати нигаҳдорӣ, истифода ва тарғиби объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъин гардидаанд, мебошад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама