§1. Мафҳум ва намудҳои принсипҳои ҳуқуқи инсон

Ғояҳои бунёдӣ, ки моҳияти ҳуқуқу озодиҳои инсонро ифода мекунанд, принсипҳои ҳуқуқи инсон мебошанд.

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ормонҳои инсондӯстӣ, адолат, озодӣ, баробарҳуқуқӣ, таҳаммулпазириро ифода мекунанд. Инсондӯстӣ (гуманизм) низоми ақидаҳоест, ки инсонро чун арзиши олитарин эътироф мекунад.

Бо ормонҳои инсондӯстӣ эҳтироми шаъну эътибори ҳар як инсон, эътироф кардан, риоя ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахсият пайванди ногусастанӣ дорад.

Принсипҳои асосии ҳуқуқи инсон инҳо мебошанд: умумӣ будани ҳуқуқи инсон; тақсимнопазирӣ ва ҳамбастагӣ будани ҳуқуқи инсон; ҷудонопазирӣ будани ҳуқуқи инсон; баробарҳуқуқӣ ва манъи маҳдудсозии онҳо дар асосҳои табъизӣ.

Умумӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон яке аз принсипҳои асосӣ маҳсуб мешавад. Ҳар як шахс сарфи назар аз мансубияти иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ, динӣ ва ғайра соҳиби ҳуқуқу озодиҳо мебошанд.

Ҳуқуқи инсон то андозае ҷудонопазиранд, ки ҳеҷ кас- ро наметавон аз ҳуқуқҳои инсониаш маҳрум сохт.

Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки инсонро аз ҳуқуқу озодиҳои табиатан ба ӯ мутааллиқу дар қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ зикргашта маҳрум созанд.

Ба принсипи асосии ҳуқуқҳои инсон ҳамчунин принсипи ягонагӣ ва ҳамбастагӣ хос аст. Моҳияти ин принсип дар он ифода мегардад, ки ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ичтимоӣ ва фарҳангӣ бо ҳамдигар зич алоқаманданд. Ҳамаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба ҳамдигар вобаста буда, дар сурати вайрон кардани як гурӯҳи ҳуқуқу озодиҳо ҳатман боиси вайрон гардидани гурӯҳи дигари ҳуқуқу озодиҳо мегардад.

Принсипи баробарҳуқуқӣ чунин маъно дорад, ки ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, маълумот ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад. (Моддаи 17-и Конститутсияи ҶТ)

Принсипи баробарҳуқуқӣ ҳама гуна табъизро манъ мекунад. Аз ин рӯ принсипи манъи маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бо асос- ҳои табъизӣ низ яке аз принсипҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад.

Табъиз маънои ҳама гуна фарқгузорӣ, истисно кардан ва афзалиятнокиро дорад, ки ба таври баробар амалӣ шудани ҳуқуқу озодиҳоро маҳдуд мегардонад.

Реклама