Масъалаҳои таъмини кафолати озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ, пеш аз ҳама тавассути Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис- тон, санадҳои байналхалқие, ки ҶТ онҳоро эътироф кардааст, Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди танзим қарор гирифтаанд. Аз ин рӯ ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ яке аз ҳуқуқҳои умумибашарӣ буда, дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, инчунин дар дигар санадҳои байналхалқӣ муқаррар карда шудааст. Дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон омадааст, ки «Ҳар инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад; ин ҳуқуқ озодии тағйири дин ё эътиқод, ба танҳоӣ ва ё якҷо бо дигарон ба таври оммавӣ ё хусусӣ зоҳир кардани дин ё эътиқод дар таълим, амалҳои динӣ, ибодат ва иҷрои маросимро дар бар мегирад». Муқаррароти ба ин монандро моддаи 18-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ пешбинӣ кардааст, ки мувофиқи он: «Ҳар як инсон ба озодии фикр, виҷдон ва дин ҳуқуқ дорад». Мутобиқи моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ҳар кас ҳуқуқ дорад, муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд». Таҳкими минбаъдаи худро ин ҳуқуқ дар Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» аз 26-уми марти соли 2009 дарёфтааст.
Дар дебочаи он чунин муқаррар шудааст: «Бо эътироф ва тасдиқи ҳуқуқи ҳар кас ба озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин, инчунин баробарии ҳама дар назди қонун, новобаста аз муносибат ба дин ва эътиқод, дар асоси он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, бо арзи эҳтиром ва таҳаммул ба тамоми дину мазҳабҳо,бо эътирофи нақши махсуси мазҳаби ҳанафии дини ислом дар инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқи Тоҷикистон, Қонуни мазкур қабул карда мешавад».
Дар қонун ҳамчунин ба баъзе истилоҳот таърифи расмӣ дода шудааст:
Аз ин бармеояд, ки қонунгузории ҶТ масоили вобаста ба ҳуқуқ ба озодии виҷдон ва эътиқоди диниро ҳамаҷониба мавриди танзим қарор дода, онро кафолат медиҳад.
Реклама