Дар давлати ҳуқуқбунёд эътирофу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо тавассути роҳу воситаҳои гуногун ба роҳ монда мешавад, ки миёни онҳо фаъолияти ниҳодҳои махсусгардонидашудаи давлатӣ нақши муҳим мебозад.
Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста қарорҳои қабулнамудаи Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳидро аз рӯйи уҳдадориҳои байналмилалии худ риоя ва иҷро менамояд. Яке аз пешниҳодҳое, ки дар самти ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши босазо дорад, аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсиси ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикис- тон мебошад.
Бинобар ин баробари муҳайё гардидани имкониятҳои сиёсию иқтисодӣ ва талоши ташкилотҳои байналмилалӣ 30-юми апрели соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки бо мақсади пурзӯр намудани фаъолият дар ин бахш ва густариши минбаъдаи раванди демок- ратикунонии ҷомеа, инчунин баланд бардоштани сатҳи ҳимояи ҳуқуқи инсон чунин мешуморам, ки дар мамлакатамон вақти ҳалли масъалаи таъсис додани институти миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон расидааст. Ин таъкиди Президенти кишвар қобили дасгирӣ буд, зеро таъсиси ниҳоди миллии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои ҳимояи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон талаби замон буда, он дар самаранокии таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳимро мебозад. Чунин ниҳод ба таъмини дахлдори ҳолати ҳуқуқии инсон мусоидат мекунад.
Бояд зикр кард, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақоми махсус оид ба ҳифз ва ҳимояи ҳуқуқи инсон мебошад, ки бевосита ба мусоидат ва барқароркунии ҳуқуқу озодиҳои инсон машғул мебошад. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар такмили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дахл доранд, инчунин ба мутобиқсозии онҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мусоидат намуда, ҳуқуқ дорад корҳои зайлро ба анҷом расонад: ба субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ оид ба такмили қонунҳо пешниҳод ирсол намояд; дар таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд дахл доранд, иштирок намояд ва хулоса диҳад; ба мақомот ва шахсони мансабдори ваколатдори давлатӣ оид ба қабул намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон ё ворид намудани тағйиру иловаҳо ба онҳо пешниҳод ирсол намояд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мақоми мустақил буда, дар асоси принсипҳои мустақилият, касбият, дастрасӣ, шаффофият, баробарӣ ва манъи табъиз фаъолият менамояд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми январи соли 2015 бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак таъсис додани ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакро масъалагузорӣ намуданд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаи 32-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тағйиру иловаҳо аз 15-уми марти соли 2016, таҳти №1281 бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд вазифаи муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Ниҳоди мазкур бо мақсади таъмини эҳтиром, риоя, ҳифз ва пешрафти ҳуқуқу озодиҳои кӯдак таъсис дода шудааст.
Ваколатор оид ба ҳуқуқи кӯдак муаззаф ба ҳимояи ҳуқуқҳои кӯдакон мебошад ва дар татбиқи онҳо ба мақомоти давлатӣ мусоидат менамояд.
Реклама