Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолатҳои гуногуни ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касбро пешнибӣ карда, ҳамчунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ намудааст.
Қабули шаҳрвандон ба кор мувофиқи қарордоди (шартномаи) меҳнатӣ сурат гирифта, бастани қарордоди меҳнатӣ характери озодона дорад. Корфармо (кордиҳанда) вазифадор аст, ки мувофиқи қонун бо категорияҳои зерини шаҳрвандон қарордоди меҳнатӣ бандад: маъюбон, ноболиғон, шаҳрвандони тибқи квотаи муқарраргардида ба кор фиристодашуда, ҳамчунин занони ҳомиладор ва заноне, ки кӯдакони то 3-сола доранд.
Ҳангоми қабул ба кор баробари кафолатҳои ҳуқуқӣ нисбати баъзе шаҳрвандон маҳдудиятҳо муқаррар гардидаанд. Дар асоси моддаҳои 216 ва 217-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи меҳнати занон дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои вазнин ва корҳои шароити меҳнаташон зарарнок, ҳамчунин корҳои марбут ба дастӣ бардоштану ба ҷойҳои дигар бурдани чизҳои вазнашон аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд манъ аст. Инчунин ҷалб кардани занон ба корҳои шабона, корҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ ва кор дар рӯзҳои истироҳат ва ид манъ карда шудааст.
Чунин маҳдудиятҳо дар қонунгузории меҳнатӣ нисбати шаҳрвандони ба синни 18-сола нарасида низ пешбинӣ шудаанд. Давомнокии вақти корӣ барои кормандони аз 15 то 18-сола дар як ҳафта на бештар аз 35 соат ва ашхоси аз 14 то 15-сола
дар як ҳафта на бештар аз 24 соат муқаррар гардидааст.
Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ноболиғон ҳуқуқи меҳнат ва озодии меҳнат кафолат дода мешавад. Қобили меҳнат будани инсон дар асоси Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-солагӣ фаро мерасад. Муқаррар гардидани синни мазкур дар муносибатҳои меҳнатӣ чунин маънӣ надорад, ки шаҳрванд вазифадор аст, аз синни 15-солагӣ фаъолияти меҳнатиашро шуруъ намояд. Ин меъёр моҳияти фармоишӣ дошта, шаҳрвандро ваколатдор месозад, ки аз ин синну сол ҳуқуқҳои конститутсионии худро амалӣ созад.
Ба шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳуқуқ ба меҳнат, озодии меҳнат, озодии бастани қарордоди меҳнатӣ ва ҳуқуқи гирифтани музди меҳнат кафолат дода шудаанд. Аммо дар баъзе соҳаҳо фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ маҳдуд карда мешавад.
Реклама