Ҳуқуқ ба озодӣ дар имконият ва қобилияти инсон доир ба интихоби мустақилонаи пиндору гуфтор ва рафтори худ ифода меёбад. Озодӣ неъмати бебаҳо буда, бояд онро қадр намуд.
Дар моддаи 18-и Конститутсия муайян карда шудааст, ки «Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад». Дахлнопазирии шахс ҳолати амниятии руҳӣ, равонӣ ва ҷисмониест, ки шахс аз он баҳраманд буда, риояи он озодии ӯро таъмин менамояд.
Ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахс – ҳуқуқи субъективии шахс буда, аз тарафи давлат таъмин намудани амният ва озодии ӯ мебошад.
Амнияти шахс ва озодии инсон дар манъ намудан, пешгирӣ кардан ва сазовори ҷазо гардонидани ҳар гуна кирдорҳое, ки ба: 1) ҳаёт, саломатӣ, дахлнопазирии ҷисмонӣ; 2) шараф, қадру қимат, озодии маънавӣ (дахлнопазирии маънавӣ); 3) муътадил ҷорӣ шудани вазъи руҳии одам (дахлнопазирии руҳӣ); 4) озодии инфиродии шахс доир ба ихтиёрдорӣ намудани худ, вақти худ, ҷойи зист, зери назорати касе қарор надоштан (озодии шахсӣ) таҷовуз мекунад, фаҳмида мешавад.
Мазмуни ҳуқуқ ба дахлнопазирии шахсро муқаррароти моддаи 19-и Конститутсия дар бораи манъ будани бидуни асоси қонунӣ дастгир ва ҳабс намудани шахс ва ба воситаи ин қоида эътироф кардани ҳуқуқ ба озодӣ пурра менамояд.
Дахлнопазирии ҷисмонӣ бо як қатор кафолатҳои ҳуқуқӣ таъмин карда шудааст. Ин кафолатҳоро ҳам Конститутсия ва ҳам қонунҳои соҳавӣ муайян намуданд. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт (моддаи 18,қисми 1), манъ будани шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ, манъ будани мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон (моддаи 18 қисми 2), кафолати ҷуброни зарари ҷабрдида (моддаи 21), манъ будани меҳнати маҷбурӣ, манъ будани истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ва зеризаминӣ (моддаи 35) кафолатҳои конститутсионӣ мебошанд.
Дар таъмин намудани дахлнопазирии ҷисмонии шахсӣ нақши қонунҳои соҳавӣ низ калон аст.
Кодекси ҷиноятии ҶТ кирдорҳоеро зери таҳдиди татбиқи ҷазо манъ намудааст, ки ба дахлнопазирии ҷисмонӣ ва озодии ҷинсӣ таҷовуз менамояд. Масалан, Кодекси ҷиноятии ҶТ барои кирдорҳои одамкушӣ, зарари ҷисмонӣ расонидан, таҷовус ба номус, латукӯб кардан ва дигарҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар намудааст.
Дахлнопазирии маънавӣ низ чун қисми таркибии дахлнопазирии шахс аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.
Ҳар кас новобаста аз синну сол, вазъи саломатӣ ва иҷтимоӣ, молу мулк, вазифаи ишғол кардааш дорои шаъну шараф ва қад- ру қимати инсонӣ аст. Дар баъзе ҳолатҳо бо дарназардошти аҳаммияти муҳофизати шаъну шараф ва қадру қимати инсонӣ татбиқи чораҳои ҳуқуқию давлатӣ низ муайян шудаанд. Масалан, Кодекси мадании ҶТ қоидаи ҳимояи шаъну шараф ва қадру қимати инсониро бо роҳи муайян намудани товони зарари маънавӣ мустаҳкам намудааст (моддаи 1225-и Кодекси маданӣ). Дар сурати аз тарафи ҷавобгар паҳн намудани маълумоте, ки шаъну шараф ва қадру қимати шахсро паст менамояд, суд новобаста аз гуноҳи ҷавобгар зарари расонидашудаи маънавиро бо андозаи пулӣ муайян намуда, аз ҷавобгар ба манфиати даъвогар мерӯёнад. Агар ин маълумоти пасткунандаи шаъну шараф ва қадру қимат бардурӯғ дар матбуоти даврӣ чоп шуда бошад, суд тарафи ҷавобгарро маҷбур менамояд, ки раддияро дар ҳамон матбуоти даврӣ ба чоп расонад.
Дахнопазирии руҳии шахс бо роҳи манъ намудани ҳар гуна кирдорҳое, ки ба руҳ ва равони шахс таъсири манфӣ дошта, характери маҷбурӣ доранд, таъмин карда мешавад. Масалан, зери гипноз ва ё ҳар гуна таъсироти экстрасенсорӣ гузаронидани пурсиши иштирокчиёни мурофиаи ҷиноятӣ, бо истифода аз усули зӯроварии руҳӣ, тарсонидани пурсидашаванда гирифтани маълумоти ба муфаттиш лозим, бо роҳи ҷоду кӯшиши табобат намудан манъ аст.
Реклама