Низоми ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд маҷмуи ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои шахс мебошад, ки бо дарназардошти гуногунии онҳо ва дар заминаи асосҳои умумии бунёдӣ ташаккул ёфта, дар ҳолати инкишоф қарор дорад.
Дар низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шахс гурӯҳҳои зе- рини ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳо ҷудо карда мешаванд;
- ҳуқуқу озодиҳои асосии бунёдӣ ва иловагӣ;
- ҳуқуқҳои инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрванд;
- ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ. иҷтимоӣ, фарҳангӣ, экологӣ, иттилоотӣ, рақамӣ;
- наслҳои ҳуқуқи инсон (ҳуқуқҳои насли якум, дуюм, сеюм);
- ҳуқуқҳои конститутсионӣ, маданӣ, экологӣ;
- ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ;
- ҳуқуқҳои мутлақ ва нисбӣ (дар робита бо ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода ва ҳолати ҷангӣ);
- ҳуқуқҳои анъанавӣ ва ҳуқуқҳои нав;
- озодии шахсӣ ва коллективӣ, озодии сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ;
- вазифаҳои асосӣ ва вазифаҳои дигари шахс, вазифаҳои инсон ва вазифаҳои шаҳрванд.
Гурӯҳҳои дар боло зикршудаи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шахс шартан ва бо мақсади омӯзиши ҳаматарафаи онҳо аз ҳамдигар ҷудо карда мешаванд. Дар асл ҳамаи ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд низоми ягонаро ташкил дода, пурра ба ҳар як шахс тааллуқ доранд, якҷоя амалӣ ва иҷро карда мешаванд. Ҳуқуқу озодиҳо бе ягон истисно кафолат дода мешаванд. Вазифаҳои шахс пурра, бе ягон истисно ё бартарӣ ба уҳдаи инсон ва шаҳрванд гузошта мешаванд.
Низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд хусусиятҳои зерин дорад:
- доираи ҳуқуқу озодиҳои шахс дақиқ ва ниҳоӣ нест, чунки он дар баробари рушди ҷомеа ва ба туфайли қобилияти эҷодии инсон доимо васеъ мешавад;
- ҳуқуқҳои инсон набояд ба аввалиндараҷа ва дуюмдараҷа ҷудо карда шаванд, чунки ҳамаи ҳуқуқҳои шахс барои зиндагӣ ва фаъолияти инсон аҳаммият доранд;
- ҳамаи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳо дараҷаи баробари мубрамӣ доранд, барои ҳама баробар паҳн мешаванд;
- раванди амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахс ба им- кониятҳо ва қобилияти шахс вобастагӣ дорад ва аз ин хотир, имтиёзҳои муайян барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (занон, на- фақахӯрон, маъюбон, кӯдакон) муқаррар карда мешаванд;
- ҳуқуқу озодиҳои инсон бо арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ, анъанаҳои таърихӣ, фарҳанги миллӣ робита доранд.
Низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд – маҷмуи ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шахс мебошад, ки бо дарназардошти ягонагӣ ва алоқамандӣ ташаккул ёфта, бо дарназардошти тағйири шароити ҳаёти ҷомеа мунтазам инкишоф меёбад.