§1. Робитаи давлати ҳуқуқбунёд ва ҳуқуқи инсон

Давлати ҳуқуқбунёд ва ҳуқуқҳои инсон робитаи зерин доранд:

  • дар давлати ҳуқуқбунёд шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб карда мешаванд, манфиатҳои давлат ва шахс бо ҳамдигар мутобиқат доранд;
  • афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши баланди иҷтимоӣ таъмин карда мешавад;
  • кафолатҳои кофии ҳуқуқу озодиҳои шахс таъмин карда мешаванд;
  • бо мақсади боло бурдани сатҳи шуури ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тадбирҳо дар доираи таълиму тарбия амалӣ карда мешаванд;
  • масъулияти баланди шахс дар назди ҷомеа ва давлат таъмин карда мешавад;
  • тадбирҳо оид ба омода намудани кадрҳои баландихтисос барои кор дар мақомоти давлатӣ, тарбияи ҳисси баланди масъулиятшиносии онҳо андешида мешаванд;
  • идоракунии давлатии самараноки соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо мақсади таъмини ҳуқуқи инсон мунтазам такмил дода мешавад;
  • таълим ва тарбияи шаҳрвандон бо дарназардошти меъёрҳо ва арзишҳои ахлоқӣ-маънавӣ, одату анъанаҳои миллӣ ба роҳ монда мешавад;
  • шароити мусоид барои фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии шаҳрвандон, вусъати худидоракунии маҳаллӣ бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба идоракунии ҷомеа, ташаккул додани қобилият, истеъдод, малакаи идоракунии шаҳрвандон фароҳам оварда мешавад.

Реклама