Ватан барои ҳар инсон макони муқаддасе маҳсуб мешавад, ки дар он ҷой таваллуд шуда, дар фазои озоду ободи он ба воя мерасад. Барои ҳар инсон Ватан азизтарин макон аст, ки онро ҳамчун хонаи худ эҳсос мекунад. Ватан мисли модари меҳрубон ягона ва такрорнашаванда мебошад. Дар асоси моддаи 1-и Қонуни ҶТ «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» дар зери мафҳуми Ватан –Тоҷикистон, кишвари азизу маҳбуб барои шахс, ҷомеаи иҷтимоӣ ё миллии одамон, ки онҳо мансубияташонро ба он ҳамчун шароити зарурии некуаҳволии худ медонанд фаҳмида мешавад. Ватандӯстӣ – муҳаббати шахс ба Ватан, сарзамин ва халқ, ҳифз намудани он аз душман ва ба манфиати Ватан содиқона хизмат карданро дар назар дорад.
Ҳифзи Ватан на танҳо муҳофизати марзу буми он, балки аз ҳимояи хонаи худ, оила ва арзишҳои миллӣ сарчашма мегирад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии миллӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, асос меёбад.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин муқаррароте оварда шудааст, ки мутобиқи он ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Конс- титутсия вазифаҳои баррасишавандаро ба таври истисноӣ ба зиммаи шаҳрвандони ҶТ мегузорад. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва ашхоси бешаҳрванд дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ хизмат карда наметавонанд.
Дар қисми дуюми моддаи зикргардида қайд мешавад, ки тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.
Чун анъана, дар асоси ин меъёри конститутсионӣ бо мақсади танзими ҳаматарафаи чунин муносибатҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз 29-уми январи соли 2021 қабул гардида, амал менамояд.
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба иҷрои уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ҳамаҷониба танзим менамояд.
Реклама