§2. Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон

Сарчашмаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ гуфта он сарчашмаҳоеро дар назар дорем, ки онҳо замоне дар сарзамини гузаштагони мо – тоҷикон ҳамчун сарчашма ва манбаи воқеии ҳуқуқ баромад кардаанд, мардум ва татбиқкунандагони ҳуқуқ ба онҳо истинод ва истидлол намуда, масъалаҳои ҳуқуқиро ҳал намудаанд.

Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихиро вобаста ба асосҳои гуногун мумкин аст, ки ба намудҳо ва навъҳо ҷудо намуд. Дар ин ҷода таснифи сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ вобаста ба низомҳои ҳуқуқӣ ҷолиб аст. Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ инҳоянд: 1. Дар даврони низоми ҳуқуқии зардуштӣ; 2. Дар даврони низоми ҳуқуқии мусулмонӣ; 3. Дар даврони низоми ҳуқуқии империявию шуравӣ.

Ҳар яке аз ин давраҳо вобаста ба талаботи замон ва табиати тамаддунҳои динӣ сарчашмаҳои махсусгардонидашудаи ҳуқуқиро тавлид кардааст. Махсусияти сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихӣ дар он зоҳир мегардад, ки онҳо дар аввал мисли қонунгузории имрӯза дар шакли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баромад намекарданд. Одатан, қисми зиёди онҳо дар ҳамбастагии сарчашмаҳои динӣ ифода ёфта буд. Сарчашмаҳои динии чи зардуштӣ ва чи исломӣ дар қатори меъёрҳои динӣ ва ахлоқӣ теъдоди зиёди муқаррароти ҳуқуқиро дороанд. Аз ин рӯ Авесто, Куръон ва ҳадисҳо ҳам сарчашмаи динӣ ва ҳам ҳуқуқӣ буданд. Дигар ин ки дар аҳди зардуштӣ муқаррароти судӣ низ чун амсоли судӣ ба сифати сарчашмаи ҳуқуқӣ (Қонунномаи Сосониён) баромад мекард.

Сарчашмаҳои ҳуқуқии Тоҷикистони таърихӣ оид ба ҳуқуқи инсон инҳоянд:

1. Авесто – бо қисмати Вандидод; 2. Хвешкори редагон; 3. Шояст нашояст; 4. Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир; 5. Қонунномаи Сосониён; 6. Қуръон; 7. Ҳадисҳо; 8. Асарҳои олимони ҳуқуқ; 9. Насиҳатномаи Тоҳир ибни Ҳусайн; 10. Фармонҳои амирон ва ҳокимон.

Авесто – бо қисмати Вандидод. Дар қисмати Вандидоди Авесто нахустин маротиба дар сарзамини Тоҷикистони таърихӣ ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба ҳаёти осоишта, ҳуқуқ ба муносибати хуб, ҳуқуқ ба бастани шартномаҳо, ҳуқуқ ба ҳаёти кӯдаки тавлиднашуда, ҳуқуқ ба тандурустӣ, ҳуқуқ ба никоҳ расман эътироф ва эълон шудааст. Дар ин сарчашма бори нахуст намудҳои шартнома, ҳифзи ҳуқуқҳои экологӣ, ҳифзи муҳити зист, тозагии об, ҳимояи ҳаққи ҳайвонҳо, намудҳои ҷиноят, таснифи ҷинояти зарари ҷисмонӣ, намудҳои никоҳ ҳамчун падидаи ҳуқуқӣ инъикоси худро ёфтаанд.

Дар Хвешкори редагон оид ба ҳуқуқҳои кӯдакон ва уҳдадориҳои томактабию мактабии онҳо ва дар Шояст ва нашояст бошад, оид ба амалҳои иҷозатдодашуда ва манъшуда ба тафсил мулоҳизаҳо баён шудааст. Дар аввали тартиби тарбияи кӯдак то синни мактаб ва синни мактабӣ, тарзи ба мактаб рафтан ва аз мактаб баргаштан ва дигар рафторҳои кӯдак дар хона танзим шудааст, ки омӯзиши он барои тарбияи насли наврас хеле муҳим аст.

Қонунномаи Сосониён – «Мотикони ҳазарта дадистан» намунаи нахустини амалияи судии ҳуқуқшиносони тоҷику форс аст, ки ба сифати сарчашмаи ҳуқуқӣ расман баромад мекард. Дар муҳокимаю ҳалномаҳои ҳуқуқшиносони он давра масъалаҳои гуногуни соҳаи мухталифи ҳуқуқ ҳалли худро ёфтаанд. Дар ин сарчашма ҳуқуқ ба даъвои судӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи моликият, ҳуқуқ ба шарикии амвол, ҳуқуқ ба мерос ва дигар ҳуқуқҳои зарурии инсон дар пояи баланди маърифати ҳуқуқӣ тарҳрезӣ шудааст.

Қуръон ва ҳадисҳо сарчашмаҳои нахустин ва асосии ҳуқуқи исломӣ аст, ки дар қатори меъёрҳои динӣ ва ахлоқӣ меъёрҳои зиёди ҳуқуқиро дорост. Ба қавли муҳаққиқон оятҳои Қуръон ва ҳадисҳо дорои меъёрҳои ҳуқуқист, ки онҳо муносибатҳои мухталифро мавриди танзим қарор медиҳанд. Хусусан, дар Қуръон ҳуқуқ ба ҳаёт, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқ ба моликият, ҳуқуқ ба озодии афкор, ҳуқуқ ба маълумот, ҳимояи пиронсолон, ҷавонон танзими ҳамаҷонибаи худро ёфтааст. Дар ҳадисҳо ғояҳои инсондӯстӣ, адолатпарварӣ, додварзӣ, ҳимояи мазлумон, ҳаққи ҳамсоягон ва бегонагон батадриҷ баёни худро ёфтааст.

Дар қатори сарчашмаҳои ҳуқуқии меъёрӣ боз сарчашмаҳои ҳуқуқие низ буданд, ки аз ҷониби донишмандони динӣ, бахусус фақеҳон ва муҷтаҳидон баён гардида буданд.

Дар сарзамини тоҷикон асарҳои ҳуқуқии фақеҳони пайрави мактаби ҳуқуқии ҳанафӣ (асосгузораш Абуҳанифа Нуъмон ибни Собити Куфӣ) мавриди истифодаи васеъ қарор мегирифтанд. Бахусус, «Ал-фиқх ал акбар»-и Абуҳанифа (Имоми Аъзам), «Китоб-ал-ҳараҷ»-и Қозӣ Абу Юсуф, «Ҳидоя»-и Бурҳониддини Марғелонӣ, «Мухтасар»-и Убайдулло ибни Масъуд ва ғайра. Ба меъёрҳои китобҳои номбурда қозиёни (судяҳои) Осиёи Марказӣ васеъ такя менамуданд.

Насиҳатномаи Тоҳир ибни Ҳусайн аз зумраи ҳуҷҷатҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ аст, ки аз маҳорати баланди таҷрибаи давлатдорӣ, ҳуқуқэҷодкунӣ, инсондӯстӣ ва адлу адолатпарварии шахсиятҳои сиёсии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳад. Насиҳатнома дар шакли мактуб ва васият ба писараш Абдуллоҳ навишта шудааст, ки бояд писараш ҳангоми идораи кишвар ба он такя мекард.

Тибқи Насиҳатномаи Тоҳир ибни Ҳусайн ба писараш Абдуллоҳ ҳоким бояд:

  • аз ҳифзи раияти (халқи) хеш ғофил мабошад;
  • адолати иҷтимоиро дар муносибат бо бандагон нигоҳ дорад;
  • ҳуқуқи мардумро, ҳифзи саломатиашонро, амнияти роҳҳо ва бехатарияшонро таъмин намояд;
  • мардумро сари чанд вақт қабул намояд ва аз ҳоли онҳо огоҳ бошад.

Фармонҳои амирон ва ҳокимон. Қобили қайд аст, ки фармонҳои амирон ва ҳокимон аз қадим манбаи боэътимоди ҳуқуқ дар ҳама халқу миллатҳо ба шумор мерафт. Дар таърихи давлатдории тоҷикон низ ин манбаъ васеъ истифода мешуд. Аз Пешдодиён cap карда то Сосониёну Сомониён ва ин тараф то инқилоби октябр тамоми халқиятҳои ҳукуматгари ин минтақа аз ин усули танзими муносибатҳои ҳуқуқӣ васеъ истифода намудаанд. Дар ин раванд фармону амрҳои синфи ҳоким ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти мардумро ба танзим медаровард.

Ҳангоми омӯзиши ҳуқуқи инсон танҳо ҷузъе аз ҳамин гуна санадҳоро ёдрас мешавем, ки онҳо дар эътироф ва ташаккули ҳуқуқи инсон зинаи муайян ва муҳимро дар таърихи миллати мо муаррифӣ менамоянд. Бояд қайд кард, ки Эъломияи Куруши Кабир оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон соли 539 қабл аз милод, Насиҳатномаи Тоҳир ибни Ҳусайн ба писараш Абдуллоҳ асри IХ аз зумраи ҳамин гуна сарчашмаҳои ҳуқуқӣ ба шумор мераванд.

Реклама