Низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои шахс бо дарназардошти гуногунии фарҳангҳо, дар робита бо арзишҳои миллии ахлоқӣ-маънавӣ, анъанаҳои таърихӣ, таҷрибаи ташаккул ва инкишофи ҳуқуқи инсон, унсурҳои моддӣ ва маънавии фарҳанги миллӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ ташаккул меёбад ва мунтазам инкишоф меёбад. Оид ба гуногунии фарҳангҳо ва амалӣ намудани ҳуқуқҳои фарҳангӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи принсипҳои ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ (соли 1966), Конвенсия дар бораи ҳифзи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ (соли 1972), Эъломия дар бораи нажод ва хурофоти нажодӣ (соли 1978), Тавсия дар бораи вазъи кормандони эҷодӣ (соли 1980), Тавсия дар бораи нигоҳ доштани фолклор (соли 1989) ва дигар қабул шудаанд.
Дар муқаддимаи Оинномаи ЮНЕСКО (муассисаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) таъкид мешавад: «... барои таъмини қадри инсон зарур аст, ки фарҳанг ва маориф дар байни ҳамаи одамон дар заминаи адолат, озодӣ ва сулҳ паҳн карда шавад; дар робита бо ин ба зиммаи ҳамаи халқҳо вазифаи муқаддас дар ин соҳа гузошта мешавад ва он бояд дар руҳияи ҳамкории ҳамдигарӣ иҷро гардад». Мутобиқи ҳуҷҷати мазкур, фарҳанг маҷмуи аломатҳои маънавӣ, моддӣ, зеҳнӣ ва эҳсосӣ буда, на танҳо санъат ва адабиёт, балки тарзи зиндагӣ, қобилияти ҳамзистии якҷоя, маҷмуи арзишҳо, анъанаҳо ва эътиқодро дар бар мегирад.
Мутобиқи моддаи 4-и Эъломияи умумии ЮНЕСКО дар бораи гуногунии фарҳангҳо аз 2-юми ноябри соли 2001: «Ҳимояи гуногунии фарҳангҳо талаби ахлоқӣ буда, аз эҳтироми қадри инсон ҷудонопазир аст. Он эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ, алалхусус, ҳуқуқҳои шахсонеро, ки ба ақаллиятҳо мансубанд, ҳуқуқҳои халқҳои муқимиро дар назар дорад».
Муколамаи байни фарҳангҳо ва тамаддунҳо гарави риоя ва ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити гуногунии фарҳангҳо мебошад. Бо ташаббуси Созмони Милали Муттаҳид соли 2001 «Соли муколамаи байни тамаддунҳо» эълон шуда буд. Дар Қатъномаи 53/22-и Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид қайд шудааст, ки «муколама ҳамчун воситаи ҳамдигарфаҳмӣ, бартараф намудани таҳдид ба сулҳ ва васеъ гардидани ҳамкории байни тамаддунҳо нақши бештар дорад». Ҳамчунин таъкид мегардад ки «дастовардҳои тамаддун мероси дастаҷамъонаи аҳли башар, манбаи руҳбаландӣ ва рушди инсоният мебошад». Солҳои минбаъда муколамаи тамаддунҳо вусъат меёбад. Соли 2003 масъалаи мазкур дар ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки вазирони фарҳанги давлатҳо муҳокима мешавад. Иттиҳоди Аврупо соли 2008-ро «Соли аврупоии муколамаи фарҳангҳо» эълон карда буд.
Бо мақсади ба роҳ мондани муколамаи тамаддунҳо ва фарҳангҳо як қатор созмонҳои ҷамъиятии байналмилалӣ фаъо- лият доранд: Ҷамъияти байналмилалии муколамаи ҷаҳонӣ (Варшава, соли 1989), Маркази Муколамаи Ҷаҳонӣ (Кипр, соли 1995), Институти муколамаи ҷаҳонӣ (Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ, соли 1995), Созмони муколамаи байни динҳо (соли 2002) ва дигар. Ин созмонҳо бо мақсади амалӣ намудани арзишҳои умумии аҳли башар тавассути муколамаи байналмилалӣ фаъолият доранд.
Муколамаи тамаддунҳо ба ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамкории байни давлатҳо дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи инсон мусоидат мекунад.
Реклама