§2. Риояи Конститутсия ва қонунҳо

Давлат ва ҳамаи мақомоти он, шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд.

Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд.

Қисми 1-и моддаи 42-и Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикис- тон

Аз мазмуни моддаи 42-и Конститутсияи ҶТ бармеояд, ки вазифаи риояи Конститутсия ва қонунҳо умумӣ буда, ба ҳамаи субъектҳои муносибатҳои ҳуқуқӣ васеъ паҳн мегардад. Онҳо хусусияти ҳатмиро доро буда, истисноро намепазиранд ва ба шаҳрвандони хориҷа ва ашхоси бешаҳрванд низ тааллуқ дошта, ба ягон ашхоси дар ҳудуди давлат истиқоматкунанда додани имтиёзи риоя накардани қонунҳои амалкунандаи он мумкин нест.

Ин вазифаҳои конститутсиониро танҳо бо Конститутсия ҶТ ва қонунҳо набояд маҳдуд кард. Дар он мазмуни нисбатан васеътар ҷой дорад, ки ҳамчун риояи қонунгузорӣ баҳо додан мумкин аст. Ин маънои онро дорад, ки шаҳрвандон ҳамчунин вазифадоранд, санадҳои зерқонунӣ ва санадҳои худидоракунии маҳаллиро риоя намоянд. Моҳиятан, сухан дар бораи риояи қонунгузории дар ҳудуди ҶТ амалкунанда меравад. Дар баробари ин, риояи Конститутсия ва қонунҳои ҶТ бо вайрон накардани талаботи он маҳдуд намегардад.

Бинобар ин ҳар шахс вазифадор аст, ки талаботи қонунҳо, созишномаҳо ва дигар санадҳои миллӣ ва байналмилалиро оид ба ҳуқуқ ва озодиҳои инсон новобаста ба ҷинс, риоя карда, дар иҷрои онҳо бо масъулият амал намояд.

Реклама