Ҳуқуқ ба интихобот ва раъйпурсӣ ба зумраи ҳуқуқҳои сиёсии шаҳрвандон дохил шуда, тавассути он шаҳрвандон метавонанд, ки ба ҳайат ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти иҷроия ва мақомоти намояндагӣ таъсир расонанд. Ҳуқуқи интихоботи
шаҳрвандон шакли асосии ифодаи иродаи халқ ва иштироки он дар ҳаёти сиёсии ҷомеа мебошад, ки бо роҳи овоздии умумихалқӣ амалӣ мешавад. Мувофиқи моддаи 6-и Конститутсияи ҶТ «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад». Зимнан қайд бояд намуд, ки ҳуқуқи мазкур танҳо ба шаҳрвандони ҶТ мутааллиқ аст.
Ҳуқуқи интихоб шудан ва интихоб намудан дар моддаи 25-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ муқаррар шудааст, ки мувофиқи он «Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар интихоботи озоди даврӣ, ки дар асоси ҳуқуқи интихоботии умумӣ, баробар ва бо овоздиҳии пӯшида ва таъминкунандаи иродаи озоди интихобкунандагон доир карда мешавад, иштирок намояд ва интихоб шавад». Ин ҳуқуқ, ҳамчунин дар боби 3, моддаи 21-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон кафолат дода шудааст.
Моддаи 27-и Конститутсияи ҶТ ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандони ҶТ-ро муайян намуда, шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ҳаёти сиёсӣ ва идораи давлатӣ бевосита ва ё ба воситаи вакилонаш иштирок намояд. Шаҳрванд аз синни 18-солагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан, интихоб намудан, инчунин аз синни муқаррарнамудаи Конститутсия, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳо ҳуқуқи интихоб шуданро дорад.
Ҳуқуқи интихобот – маҷмуи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки тартиби ташкил ва гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ва сарвари давлатро ба танзим дароварда, усулҳои низоми интихоботро муқаррар менамояд.
Ҳуқуқи интихоботӣ ҳамчун яке аз падидаҳои муҳимми демократия ва шакли асосии иштироки халқ дар равандҳои сиёсӣ буда, аз ду унсур иборат аст:
Ҳуқуқҳои интихоботии шаҳрвандон дар асоси як қатор принсипҳои умумиэътирофшуда баамал бароварда мешаванд, ба монанди овоздиҳӣ ва интихоботи умумӣ, баробар, бевосита ва пинҳонӣ.
Умумӣ будани интихобот ва овоздиҳӣ маънои онро дорад, ки ҳуқуқи иштирок дар онро ҳамаи шаҳрвандон новобаста аз аломатҳои нажодӣ, динӣ, миллӣ, забонӣ, ҷинсӣ ва ақидаҳои сиёсӣ доранд.
Баробарӣ маънои онро дорад, ки овози ҳар як шаҳрванд имконияти таъсири баробар расонидан ба натиҷаи интихобот ва овоздиҳиро дорад.
Бевосита будани интихобот ва овоздиҳӣ чунин маъно дорад, ки миёни иродаи интихобкунанда ва интихоби номзад ягон санади дигари изҳори ирода вуҷуд надорад.
Интихоботи озод бояд пинҳонӣ сурат гирад. Зеро шаҳрванд набояд баъди анҷом додани маъракаи интихобот ва додани овоз ё раъй аз касе хавф дошта бошад. Аз ин рӯ давлат бояд дар раванди маъракаи интихобот, махсусан дар лаҳзаи овоздиҳӣ, махфиятро таъмин намояд.
Ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ дар моддаи 27-и Конститутсияи ҶТ кафолат дода шудааст. Шаҳрвандон ҳангоми расидан ба синни муйаянкардаи қонун метавонанд ин ҳуқуқро амалӣ намоянд.
Раъйпурсӣ – ин овоздиҳии умумихалқӣ оид ба масъалаҳои нисбатан муҳимми ҳаёти давлатӣ ва ҷамъиятӣ мебошад.
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон ба 18-солагӣ расидаанд, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк дар раъйпурсӣ иштирок карда метавонанд. Мутобиқи моддаи 27-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Шаҳрвандоне, ки аз тарафи суд ғайриқобили амал донис- та шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд». Дар шароити вазъияти фавқулода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобот ва раъйпурсӣ гузаронида намешаванд. Ҳама гуна маҳдудкунии иштироки шаҳрвандон дар раъйпурсӣ манъ аст ва мувофиқи қонун ҷазо дода мешавад.
Аз ин рӯ тавассути раъйпурсӣ масъалаҳои муҳимми ҷамъиятӣ ҳаллу фасл карда мешавад. Масалан, тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ дохил карда мешаванд. Қарорҳое, ки бо раъй- пурсии умумихалқӣ қабул карда мешаванд, эътибори олии ҳуқуқӣ доранд, ва иҷрои онҳо дар тамоми қаламрави Тоҷикистон ҳатмист.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама