Ҳимояи байналмилалӣ-ҳуқуқӣ ва озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд яке аз масъалаҳои мураккаб ва гуногунҷабҳаи таъмини ҳуқуқи инсон мебошад.
Зери мафҳуми механизмҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон фаъолияти мақомот ва ташкилотҳои универсаливу минтақавие фаҳмида мешавад, ки муносибати байни давлатҳоро дар самти эҳтироми умумӣ, риояи ҳуқуқи инсон ва ҳимояи онҳо фаҳмида мешавад.
Механизмҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон вобаста ба амали ҳудуд ва доираи салоҳияташон ба ду намуд тақсим мешаванд: универсалӣ ва минтақавӣ.
Механизмҳои универсалӣ гуфта мақомотеро дар назар доранд, ки доираи фаъолияташон ба ҳамаи давлатҳои сайёра паҳн мегарданд ва чун қоида аз ваколатҳои онҳо ҳамаи одамон истифода бурда метавонанд. Асоси ҳуқуқии фаъолияти чунин мақомотро санадҳои байналмилалии умумиҷаҳонӣ ташкил медиҳанд (Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид, Шурои амният ва ғайра) дохил мешаванд.
Механизмҳои минтақавӣ дар заминаи санадҳои ҳуқуқии минтақавӣ бунёд гашта, салоҳияти онҳо ба давлатҳои иштирокчии созмони минтақавӣ паҳн гашта, имконияти истифодаи ваколатҳои онро танҳо шаҳрвандони мансуб ба ҳамон минтақа доранд.
Ҳамин тариқ, дар доираи низоми механизмҳои байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон низоми васеи мақомот, ки ҳуқуқи инсонро назорат, таъмин ва ҳимоя мекунанд, таъсис дода шудаанд.
Реклама