Озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат медиҳад.
Ин муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мустаҳкам гардидаанд. Масалан, дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» (соли 2002), «Дар бораи ҳифзи иттилоот» (соли 2002), «Дар бораи иттилооти экологӣ» (соли 2011), «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (соли 2013), «Дар бораи сирри давлатӣ» (соли 2014), «Дар бораи ҳуқуқ ба дастрасӣ ба иттилоот» (соли 2008), «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» (соли 1996) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим шудааст.
Ташкилоти давлатӣ, сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, ҳаракатҳо ва шахсони мансабдор вазифадоранд, ки маълумоти барои воситаҳои ахбори омма заруриро пешниҳод кунанд.
Дар моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин омадааст: «Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст».
Сензура – назорати ҳокимияти расмӣ ба мундариҷа, интишор ва паҳн кардани маводди чопӣ, мундариҷа ва иҷрои (намоиш додан) намоишҳои саҳнавӣ, барномаҳои радио-телевизион бо мақсади роҳ надодан ё маҳдуд кардани паҳншавии ғояҳо ва маълумотҳоест, ки ғайри қобили қабул ва зараровар эътироф мешаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сензура дар ҳамаи шаклҳо манъ аст.
Реклама