§2. Асосҳои умумии маҳдудсозии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ

Дар қонунгузории байналмилалӣ ва миллии як қатор давлатҳо ду шакли асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таҳким бахшида шудааст: асосҳои умумии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити муқаррарӣ ва асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳангоми вазъи фавқулода.

Асосҳои умумии маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар шароити муқаррарӣ дар Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон таҳким бахшида шудааст:

Ҳар як инсон дар бобати татбиқи озодиҳои худ бояд танҳо ба дараҷае маҳдуд карда шавад, ки аз тарафи қонун фақат бо мақсади таъмини эътирофу эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои дигарон ва қонеъ гардонидани талаботи одилонаи ахлоқӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва осудаҳолии умумӣ дар шароити ҷомеаи демократӣ муқаррар карда шудааст. Қисми 2-и моддаи 29-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҷорӣ кардани маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро чунин муайян менамояд:

Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад.

Қисми 3-и моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Реклама