§1. Мафҳуми шаҳрвандӣ

Шаҳрвандӣ яке аз унсурҳои асосии вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд ба ҳисоб рафта, алоқаи устувори ҳуқуқӣ бо давлат аст, ки ба ин муносибат ҳар як шаҳрванд нисбат ба давлат ҳуқуқи муайян ва вазифаи дахлдор дорад.

Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон – робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмуи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мутақобилаи тарафҳоро дар бар мегирад.

Унсурҳои шаҳрвандӣ инҳоянд: 1) алоқаи устувори ҳуқуқӣ бо давлат; 2) мансубияти сиёсию ҳуқуқии шахс ба давлат; 3) бо сабаби шаҳрвандӣ нисбати шахс паҳн гаштани соҳибихтиёрии давлат; 4) ҳифзи ҳуқуқу озодии шахс чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар; 5) дар назди ҳамдигар ҳуқуқу вазифаҳои муаяйнро доштани давлат ва шахс.

Падидаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз меъёрҳое иборат аст, ки муносибат ва алоқаҳои мавҷудаи байни давлати Тоҷикистон ва инсону шаҳрванди дар марзи он истиқоматдоштаро ба танзим меандозад. Ин падидаи ҳуқуқӣ-конститутсионӣ бо мафҳуми сиёсии халқи Тоҷикистон алоқаманд буда, онро сарфи назар аз миллаташон шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил менамоянд. Хуҷҷати тасдиқкунандаи шаҳрвандии Тоҷикистон шиноснома ва то гирифтани он шаҳодатномаи таваллуд ё ҳуҷҷати дигаре мебошад, ки дар он шаҳрвандии шахс зикр ёфтааст.

Шаҳрванди хориҷӣ – шахсе, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надошта, шаҳрванди давлати дигар мебошад.

Шахси бешаҳрванд – шахсе, ки тибқи қонунгузории ягон давлат шаҳрванди он ҳисобида намешавад.

Ғайр аз ин дар Тоҷикистон шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ (апатрид)-ҳо истиқомат мекунанд, ки ба дараҷаи аҳолии ҷумҳурӣ тааллуқ доранд ва бо давлат дар муносибати муайяни ҳуқуқӣ мебошанд. Шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Ҳеҷ як шаҳрванди ҷумҳуриро ба давлати хориҷӣ супоридан мумкин нест. Шаҳрванд дар зери низоми ҳуқуқии Тоҷикистон дар назди давлат масъул мебошад ва ба ин муносибат ӯро ба давлати хориҷӣ супурдан манъ аст. Супурдани ҷинояткор ба давлати хориҷӣ дар асоси шартномаи тарафайн ҳаллу фасл карда мешавад. Ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандони Тоҷикистон дар дохили давлат аз тарафи мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба амал бароварда мешавад. Ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа ба воситаи намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии Тоҷикистон ҳимоя карда мешаванд.

Реклама