§2. Низоми ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ

Ҳамаи ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ байни ҳамдигар алоқаманд буда, низоми ягонаро ташкил медиҳанд. Ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ инҳоянд:

  1. Ҳуқуқи шаҳрвандон барои иштирок дар идоракунии корҳои давлатӣ;
  2. Ҳуқуқи интихоб кардан ва интихоб шудан;
  3. Ҳуқуқ ба озодии маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳои осоишта;
  4. Ҳуқуқ ба муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
  5. Ҳуқуқ ба муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ.

Ҳуқуқҳои сиёсӣ бо дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон зич алоқаманданд, аммо аз онҳо фарқ мекунанд, чунки ба иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятӣ равона шудаанд. Ин ҳуқуқҳо ба шаҳрвандон имконият медиҳанд, ки мақоми давлатиро интихоб кунанд ва дар равандҳои сиёсӣ фаъолона иштирок намоянд. Онҳо барои таъмини иштироки озоду муназзам дар сиёсат ва барои тақвияти давлати демократӣ ва ҳуқуқи инсон мусоидат мекунанд.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ чиро ифода мекунанд? Кадом хусусиятҳои ҳуқуқҳои сиёсиро номбар карда метавонед?
  2. Ба ақидаи шумо, ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии инсон аз дигар гурӯҳҳои ҳуқуқ ва озодиҳо бо чӣ фарқ мекунанд?
  3. Ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсӣ дар кадом ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ ва миллӣ таҳким бахшида шудаанд? Онҳо барои шаҳрванд чӣ аҳаммият доранд?
  4. Ҳуқуқҳои сиёсӣ фардианд ё дастаҷамъӣ?

Реклама