Ҳуқуқ ба ҳаёт пояи мустаҳкам доштани тамоми ҳуқуқҳои дигари инсон ба шумор рафта, арзиши воло ва олитарини тамаддуни ҷаҳонӣ ва ҳуқуқи аввалиндараҷаи инсоният мебошад. Дар сурати поймол гардидани ҳуқуқи мазкур тамоми ҳуқуқҳои дигари инсон таҳти вайроншавӣ қарор мегиранд.
Мазмуни ҳуқуқ ба ҳаётро якчанд унсури ба ҳам пайванд ташкил медиҳанд:
Акнун ҳар яке аз онҳоро дар алоҳидагӣ баррасӣ хоҳем намуд.
Масъалаи эътирофи оғози ҳаёт. Мутобиқи Конститутсияи ҶТ: «Ҳар кас ҳуқуқ ба ҳаёт дорад». Вале ҳаҷм ва мазмуни ин ҳуқуқ дар илм баҳсҳои доманадорро ба миён овардааст. Баъзе аз олимон бар он назаранд, ки оғози ҳаёт аз лаҳзаи таваллуд ва қисмати дигар бошанд, худи раванди таваллудро оғози ҳаёти инсон мешуморанд. Дар дебочаи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак гуфта мешавад, ки «кӯдак, бинобар ба камолоти ҷисмонӣ ва фикрӣ нарасиданаш ба муҳофизату ғамхории махсус, аз ҷумла ҳифзи зарурии ҳуқуқӣ, чи то таваллуд ва чи баъди таваллуд, эҳтиёҷ дорад». Яъне аз мазмуни ин меъёр бармеояд, ки ба ҳайси кӯдак на танҳо мавҷудоти тавлидёфта, балки дар батни модар қарордошта низ шинохта мешавад. Моддаи 232-и Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози ҳаётро аз лаҳзаи обистан шудан дар батни модар эътироф намудааст.
Яке аз масъалаҳое, ки моҳияти ҳуқуқ ба ҳаётро ифода мекунад ҳуқуқи шахс ба ихтиёрдории озодонаи ҳаёти худ мебошад.
Эвтаназия – фаъолияти бошууронаи корманди тиб аст, ки барои қатъ намудани азобу уқубати ҷисмонӣ, руҳӣ ва маънавии бемор нигаронида шуда, ба марги бемор оварда мерасонад, дар сурате, ки чунин амал бо хоҳиши худи бемор ва намояндагони қонунии онҳо сурат гирифта ва онҳо роҷеъ ба оқибатҳои бебозгашти он ҳаматарафа огоҳонида шуда бошанд.
Шартҳои эвтаназия – мавҷудияти бемории табобатнопазир, ки дар натиҷаи он ба бемор азобу уқубати зиёди ҷисмонӣ, руҳӣ ва маънавӣ мерасад; самти фаъолияти духтур бояд дақиқ муайян бошад, яъне мақсади асосии корманди тиб бояд танҳо қатъ намудани азобу уқубати бемор бошад, на мақсадҳои дигар; чунин фаъолият бояд бо хоҳишу иродаи худи бемор ва дар суръати имконнопазир будани он бо хоҳиши намояндагони қонунии ӯ сурат гирад; бемор ва намояндагони қонунии ӯ оид ба баргаштнопазир будани натиҷаҳои эвтаназия бояд пурра, ҳамаҷониба ва саривақт огоҳонида шаванд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эвтаназия иҷозат дода нашудааст!
Ҷазои қатл. Масъалаи татбиқи ҷазои қатл низ ба монанди дигар унсурҳои ҳуқуқ ба ҳаёт хеле мураккаб ва баҳснок аст. Зеро он ба соҳаҳои мухталифи фаъолияти инсон ва ҷомеа дахолат карда, паҳлуҳои сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ахлоқӣ-динӣ дорад. Ҷазои қатл ҳамчун як навъи ҷазои ҷиноятӣ тибқи ҳукми суд ҷиҳати маҳрум намудан аз ҳаётро дар назар дорад.
Дар асоси қисми 2-и моддаи 6-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ «Дар кишварҳое, ки ҷазои қатлро бекор накардаанд, ҷазои қатл метавонад танҳо барои ҷиноятҳои махсусан вазнин мутобиқи қонуне, ки ҳангоми содир намудани ҷиноят амал мекард ва бо муқаррароти ҳамин Паймон ва Конвенсия дар бораи пешгирии ҷинояти қатли ом ва ҷазо барои он мухолиф набошад, бароварда шавад». Қайд намудан бамаврид аст, ки ҶТ дар асоси моддаи 5-и Конститутсия ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсонро дахлнопазир эълон намуда, дар самти бекор намудани амали ин навъи ҷазо зина ба зина тадбирҳои зиёде андешида истодааст. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кодекси ҷиноятии ҶШС Тоҷикистон аз соли 1961 амал мекард, ки барои 44 таркиби ҷиноят ҷазоро дар намуди ҷазои қатл пешбинӣ намуда буд. Соли 1992 тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба ин кодекс шумораи таркибҳое, ки барои онҳо татбиқи ҷазои қатл имконпазир гашт, ба 47 расонида шуд. Кодекси нави ҷиноятии соли 1998 бошад, ин навъи ҷазоро барои 15 таркиби ҷиноят нигоҳ дошт. Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 1-уми августи соли 2003 Қонуни ҶТ «Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он шумораи моддаҳоеро, ки ҷазои қатлро пешбинӣ менамуданд, ба 5 расонид, ки нисбати чунин кирдорҳо татбиқ карда мешавад: «Одамкушӣ қисми 2 моддаи 104; Таҷовуз ба номус қисми 3 моддаи 138; Терроризм қисми 3 моддаи 179; Генотсид моддаи 398; Биотсид моддаи 399». Пас аз сипарӣ гардидани як сол, яъне 15-уми июли соли 2004 Қонуни ҶТ «Дар бораи боздоштани татбиқи ҷазои қатл» қабул гардид, ки тибқи он дар қаламрави ҶТ ба татбиқи ҷазои қатл моратория эълон карда шуд. Дар асоси банди 10, тавсияҳои 24, 25-и Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Кумитаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон барои солҳои 2025–2032 аз 28-уми январи соли 2025, №32/3-13 ҷазои қатл барои то соли 2032 тамдид карда шуд. Бар ивази ҷазои қатл маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати бисту панҷ сол ё ин ки якумра аз озодӣ маҳрум сохтан амал менамояд.
Реклама