§1. Ҳуқуқи муроҷиат кардан: мафҳум ва хусусиятҳои он

Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба мақомоти давлатӣ яке аз ҳуқуқ ва озодиҳои сиёсии инсон ва шаҳрванд буда, омили муҳимми рушди демократии мамлакат мебошад. Муроҷиат шакли махсуси таъсиррасонӣ ба равандҳои идоракунӣ дар давлат аст. Онҳо ба мақомоти давлатӣ ва мақоми худидоракунии маҳаллӣ ирсол карда шуда, на танҳо усули барқарорсозии ҳуқуқи вайроншудаи шаҳрванд, балки иштироки сиёсӣ дар ҳалли корҳои оммавӣ мебошанд.

Амалишавии ҳуқуқи муроҷиат кардан инкишофи ташаббуси шахсӣ ва манфиатдории шаҳрвандро ҳангоми ҳалли масъалаҳои характери давлатӣ ва ҷамъиятӣ дошта дар назар дорад.

Ҳуқуқи муроҷиат кардан ба шахс имконияти фиристодани шикоят, ариза ва пешниҳодотро ба мақомоти салоҳиятдори давлатӣ фароҳам меорад. Дар муроҷиатномаҳо на танҳо манфиатҳои қонунии шаҳрванд, балки манфиатҳои ҷамъиятӣ метавонанд ифода гарданд. Шаклҳои муроҷиат метавонанд шифоҳӣ, хаттӣ, электронӣ, инфиродӣ ва дастаҷамъона бошанд.

Муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон – муроҷиате мебошад, ки зимни қабули шахсӣ ба шахси мансабдор ё ваколатдоршудаи мақомоту ташкилоти дахлдор изҳор гардидааст ё тавассути алоқаи телефонӣ (мобилӣ) баён шудааст. Дар муроҷиати хаттӣ бояд насаб, ном, номи падар, суроғаи маҳалли истиқомат, маълумот оид ба маҳалли воқеии истиқомат (агар чунин ҳолат ҷой дошта бошад), муҳтавои муроҷиатро дарҷ намуда, онро имзо намояд. Муроҷиати электронӣ – муроҷиате, ки ба суроғаи расмии почтаи электронии мақомоту ташкилоти дахлдор ворид гардидааст ё дар сомонаи расмии мақомоту ташкилоти дахлдор дар шабакаи интернет ҷойгир карда шудааст.

Муроҷиати инфиродӣ одатан манфиатҳои шахси алоҳидаро дар бар мегирад. Муроҷиати дастаҷамъона бошад, масъалаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, дар он ду ва ё зиёда шаҳрвандон муроҷиаткунанда мебошанд.

Ҳар муроҷиат аз ҷониби роҳбар ё шахси мансабдори мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ, корхона, ташкилот бояд баррасӣ шавад.

Реклама