Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб ҳуқуқи конститутсионии инсон ва шаҳрванд аст. Ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб дар худ тамоми ҳуқуқу озодиҳои ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад: озодии меҳнат, озодии интихоби касб, ҳуқуқ ба ҳимоя аз бекорӣ, ҳуқуқ ба шароити боадолатонаи меҳнат, ҳуқуқ ба корпартоӣ, ҳуқуқ ба меҳнат, расидан ба синни нафақа ва ғайра. Ҳуқуқи инсон ба меҳнат имконият медиҳад, ки фард меҳнат кунад ва музди меҳнати худро гирад.
Ҳуқуқ ба меҳнат бо озодии меҳнат зич алоқаманд аст. Дар моддаи 23-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар бораи озодии меҳнат чунин қайд карда шудааст: «Ҳар як инсон дорои ҳуқуқ ба меҳнат, интихоби озодонаи кор ва шароити одилонаю мусоиди меҳнат ва ҳуқуқи ҳимоя аз бекорист».
Озодии меҳнат бо манъ будани меҳнати маҷбурӣ алоқаманд аст. Манъи меҳнати маҷбурӣ дар моддаи 8-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудааст:
Дар баробари ин иҷрои вазифаҳои аз хизмати ҳарбӣ, дар шароити вазъияти фавқулода ё бо ҳукми суд бармеомада меҳнати маҷбурӣ ҳисобида намешавад.
Ҳуқуқ ба меҳнат маънои вазифадории нафаре бобати пешниҳод кардани кор ба ҳамаи хоҳишмандонро надорад. Дар иқтисодиёти бозорӣ давлат қодир нест, ки чунин вазифаро ба зиммаи соҳибкорони хусусӣ гузорад ва ё онро ба дӯши худ гирад. Қабулшавии инсон ба кор асосан бо қарордод бо корфармо (кордиҳанда) муайян мешавад. Вале корманди кирояшуда ҳуқуқ дорад, ки риояи шароити муайян – шартҳои одилонаи корро талаб намояд.
Моддаи 7-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ҳуқуқ ба шароити одилонаи меҳнат- ро, аз ҷумла дар он бо фароргирии подоше, ки чун ҳадди ақал ба ҳамаи меҳнаткашон инҳоро таъмин намояд, кафолат медиҳад.
Мутобиқи моддаи 23-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон «Ҳар як инсон бидуни ягон табъиз барои кори баробар ба музди баробар ҳуқуқ дорад. Ҳар як коргар ба музди одилонаю қаноатбахш, ки зиндагии сазовори ҳар як инсон ва аҳли оилаи ӯро таъмин кунад, дар сурати зарурат бо дигар воситаҳои таъминоти иҷтимоӣ пурра гардонида шавад, ҳуқуқ дорад». Яке аз масъалаҳои асосӣ дар ин соҳа вайронкунии ҳуқуқ ба меҳнат дар намуди рад кардани пешниҳоди кор аз рӯйи аломати ҷинсӣ мебошад, мисол, бинобар ҳомиладор будани зан. Ҳамчунин аз рӯйи аломати миллӣ ё дигар аломат ба кор қабул накардан низ табъиз мебошад.
Танзими минбаъдаи ҳуқуқҳои меҳнатии шаҳрвандон дар Кодекси меҳнати ҶТ пешбинӣ шудааст. Мақсадҳои қонунгузории меҳнатӣ аз муқаррар кардани кафолати давлатии ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон, ташкили шароити мусоиди меҳнатӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои кормандон ва корфармоён иборат мебошад. Кодекси меҳнатӣ ғояҳои асосии танзими муносибатҳои меҳнатӣ: озодии меҳнат, манъи меҳнати маҷбурӣ ва табъиз дар соҳаи меҳнат, ҳимоя аз бекорӣ ва ғайраро мустаҳкам мекунад.
Реклама