Дар ин қисмат диққати махсус ба яке аз шахсиятҳои таърихӣ, давлатдори бузург ва таъсисдиҳандаи яке аз аввалин империяҳои ҷаҳон, ки бо номи Куруши Кабир дар таърих маълуму машҳур мебошад равона гардида, ҳамзамон аз кору амали ӯ дар самти шинохти инсони комил, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳарфе чанд иброз медорем.
Дар воқеъ, миллати тоҷик дорои таъриху фарҳанги қадима мебошад, ки далели ин гуфтаҳо яке аз сарчашмаҳои муҳимми таърихӣ-ҳуқуқӣ, аз ҷумла Эъломияи Куруши Кабир мебошад. Эъломияи Куруши Кабир ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон
ба ҳисоб рафта, бо меъёрҳои инсондӯстона дар пешрафту инкишофи муносибатҳои ҳуқуқӣ, махсусан ҳуқуқу озодиҳои инсон дар аҳди қадим ва дар замони муосир нақши босазо дорад.
Дар давраи Шоҳаншоҳии Куруши Кабир сарзамини тоҷику форс ба маркази ҳамзистии осоиштаи халқҳои гуногун табдил ёфта буд. Курушро дар Бобул, Форс ва ҳатто дар дигар давлатҳо ҳамчун ҳокими одил, фотеҳи тавоно ва раҳмдил мешинохтанд. Бисёре аз халқҳо ӯро на танҳо шоҳи форсҳо, балки ҳомии адолат медонистанд. Дар шароити имрӯза, ки муноқишаҳои байни халқу миллатҳо зиёданд, таҷрибаи Куруши Кабир метавонад ҳамчун намунаи ҳамзистии осоишта бошад.
Куруши Кабир дар таърихи инсоният бисёр амалҳои наҷиберо ба фарҷом расонидааст, ки то ҳол мавқеи боризи худро дар ҳаёти инсоният иҷро менамоянд. Яке аз чунин амалҳо эълони Паём ё Эъломияи ӯ мебошад, ки дар байни мардуми тоҷик бо номи «Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир» ва дар умум, дар ҷомеаи ҷаҳонӣ онро бо номи «Эъломияи Куруши Кабир» мешиносанд, ба шумор меравад.
Пешвои муаззами миллат дар асари «Чеҳраҳои мондагор» доир ба Эъломияи Куруши Кабир қайд менамоянд, ки Эъломия аз фарҳанги ориёӣ ва ақоиди инсондӯстӣ сарчашма мегирад, нахустин ҳуҷҷати таърихиест, ки эҳтироми ҳуқуқ, озодии мазҳабу эътиқод ва ҳифзи дороии шаҳрвандонро пуштибонӣ кардааст. Ин эъломия, ки бо номи «Устувонаи Куруш» машҳур аст, дар Осорхонаи Британия маҳфуз буда, шояд намунаи нахустини Эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният бошад.
Мавриди зикр аст, ки 2550 сол муқаддам Куруши Кабир меъёрҳоеро муқаррар намудааст, ки онҳо то имрӯз ба ҳайси нишондиҳандаи рушди волои тамаддуни инсонӣ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ва конститутсияҳои мамлакатҳои рушдкардаи ҷаҳон, аз ҷумла Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун арзиши пурқимат ворид гардида, амал менамоянд, чунончи:
Меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабир то имрӯз моҳияти худ- ро гум накардаву истифодаи онҳо дар санадҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шахсӣ ва сиёсӣ ва дигар санадҳои миллию байналмилалӣ ба чашм мерасад. Воқеан, Эъломияи Куруши Кабир бозёфти нодире мебошад, ки ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар тули таърих баромад кардааст ва дар замони муосир низ ҳамчун сарчашмаи таърихӣ-ҳуқуқӣ аҳаммияти бузург дорад. Имрӯз, аксари давлатҳои ҷаҳон ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, меъёрҳои Эъломияи мазкурро ҳамчун сарчашма ба таври васеъ мавриди истифода қарор додаанд. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои Эъломияи Куруши Кабирро дар самти эъмори давлатдории муосири тоҷикон ва бун- ёди ҷомеаи соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона васеъ истифода бурдааст ва бурда истодааст.
Дар Паёми солонаи хеш Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намуданд, ки Тоҷикистон ба хотири гиромидошту арҷгузорӣ ба нобиғаҳои миллат, ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ ва муаррифии шоистаи онҳо дар арсаи байналмилалӣ талошҳои пайваста ба харҷ медиҳад. Бо ин мақсад Сарвари давлат ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Реклама