§3. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар шароити вазъияти фавқулода

Вазъияти фавқулода – чораҳои муваққатии ба мақсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва давлат эълонгардида дар ҳолати ба амал омадани таҳдиди воқеӣ ба ҳаёти аҳолии мамлакат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти давлат ва тамомияти арзии он аст.

Махсусиятҳои ҷорӣ намудани низоми вазъияти фавқулода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҳдудсозии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар ин давра дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» (аз 3-юми ноябри соли 1995), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи аҳолӣ ва ҳудудҳо аз вазъиятҳои фавқулодаи характери табиӣ ва техногенидошта» (соли 2004) ва дигар санадҳои меъёрӣ таҳким ёфтаанд.

Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи низоми ҳуқуқии вазъияти фавқулода» чунин шартҳои ҷорӣ кардани вазъияти фавқулодаро дар Тоҷикистон пешбинӣ менамояд:

  1. ҳангоми офатҳои табиӣ, садамаҳо, эпидемияҳо, ки ба ҳаёту саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд;
  2. ҳангоми вайронкуниҳои оммавии тартиботи ҷамъиятӣ, ки ба ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон таҳдиди воқеӣ мекунанд;
  3. ҳангоми кӯшишҳои ғасби ҳокимияти давлатӣ ё дигаргунсозии сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи зӯроварӣ;
  4. ҳангоми таарруз ба тамомияти арзии давлат, ки ба тағйир ёфтани сарҳадҳои он таҳдид мекунад;
  5. ҳангоми зарурати барқарорсозии тартиботи ҳуқуқии конститутсионӣ ва фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қисми дуюми моддаи 46-и Конститутсия ҳуқуқ дорад, ки дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ ё дар маҳалҳои алоҳидаи зери хатар қарордошта бо таври фаврӣ пешниҳод кардани фармон дар ин хусус ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо огоҳсозии Созмони Милали Муттаҳид вазъияти фавқулода эълон намояд. Муҳлати вазъияти фавқулода 3 моҳ буда, дар сурати зарурат онро дароз кардан мумкин аст.

Мутобиқи моддаи 47-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити вазъияти фавқулода ҳуқуқ ва озодиҳои дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25 ва 28-и Конститутсия пешбинигардида маҳдуд карда намешаванд.

Дар шароити ҷорӣ гардидани вазъияти фавқулода ҳамчунин маҳдудсозии ҳуқуқ ба ҳаёт ва дахлнопазирии шахсият (моддаи 18-и Конститутсия), ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ёрии адвокат (моддаи 19-и Конститутсия), фарзияи бегуноҳӣ (моддаи 20-и Конститутсия), дахлнопазирии манзил (моддаи 22-и Конститутсия), ҳуқуқ ба имконияти шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳуқуқу манфиатҳои шахс (моддаи 25-и Конститутсия) ва ҳуқуқ ба муттаҳидшавӣ (моддаи 28-и Конститутсия) мумкин нест.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Ибораи «маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» чӣ маъно дорад?
  2. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба чанд гурӯҳ тақсим мешаванд?
  3. Шарт ва мақсади маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсонро номбар кунед?
  4. Маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро дар шароити вазъияти фавқулода кадом санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким мебахшанд?
  5. Ҳуқуқу озодиҳои мутлақро номбар кунед.

Реклама