§1. Мафҳум ва моҳияти ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва ҳаёти оилавӣ

Дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва оилавиро дар маҷмуъ дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ меноманд. Дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ маҳрамияти шахсӣ ва оилавиро ифода намуда, чунин маъно дорад, ки бе ризоият ва иҷозати шаҳрванд ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба ҳаёти шахсӣ ва оилавии ӯ дахолат намояд, муносибати заношӯӣ, хешутаборӣ, маҳрамона ва дигар муносибатҳои ӯро маҳдуд кунад.

Ҳаёти хусусӣ гуфта, соҳаи махсуси фаъолияти ҳаётии инсонро меноманд, ки аз ҷониби шахс мувофиқи эътиқоди ботиниаш назорат карда шуда, баҳри қонеъ намудани талаботи шахсии худ равона шудааст.

Ҳаёти хусусӣ ба ҳаёти шахсӣ ва ҳаёти оилавӣ чудо мешавад.

Ҳаёти шахсӣ қисми ҳаёти хусусӣ ва манфиатҳои ғайримоддии ҳар як шахс буда, муносибатҳои шахсии ӯро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ аз болои он назорат бурдан манъ аст. Таркиби ҳаёти шахсиро сирри шахсӣ ташкил медиҳад. Сирри шахсӣ ба ҳар кас имкони муайян намудани рафтори худ дар ҷомеа, мустақилона ҳал намудани миқдори паҳншавии маълумот дар бораи ҳаёти шахсии худ ва талаб кардани риояи ин ҳуқуқро дар назар дорад.

Ҳаёти шахсӣ дорои чунин унсурҳо мебошад: тарзи ҳаёти шахсӣ, талабот дар ҳаёти шахсӣ, майлу рағбат дар ҳаёти шахсӣ, муносибати дӯстӣ, хешутаборӣ дар ҳаёти шахсӣ.

Ҳаёти оилавӣ муносибати заношӯӣ, ҳуқуқҳои оилавӣ, вазифаҳои оилавӣ, муносибат бо кӯдаконро дар бар мегирад.

Маврид ба зикр аст, ки ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти хусусӣ як силсила

ҳуқуқҳои дигарро низ фаро мегирад:

  1. Дахолат накардан ба ҳаёти шахсӣ ва оилавӣ;
  2. Маҳрамияти мукотиба ва муросилот;
  3. Дахлнопазирии манзил;
  4. Ҳуқуқ ба ном;
  5. Ҳуқуқ ба ташкили оила.

Реклама