§2. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва дохилидавлатии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ

Ҳуқуқи ҳимояи судиро Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон чунин муайян намудааст: «Ҳар як инсон дар сурати поймол намудани ҳуқуқҳои асосии ӯ, ки бо Конститутсия ё қонун пешбинӣ шудаанд, барои барқарорсозии пурраи онҳо аз тарафи судҳои босалоҳияти миллӣ ҳуқуқ дорад» (моддаи 8). Яъне ба ҳар давлати узви Созмони Милали Муттаҳид тавсия карда шудааст, ки барои барқарор намудани ҳуқуқҳои поймолшудаи инсон дар қаламрави худаш суди миллии босалоҳиятро таъсис намояд. Дар моддаи 10-и Эъломия омадааст, ки «Ҳар як инсон барои муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳояш ва муқаррар кардани асоснокии айбномаи ҷиноятие, ки ба дӯши ӯ гузошта шудааст, ба таври баробарии комил ҳуқуқ дорад, ки парвандаи ӯро суди мустақилу бетараф, ошкоро ва бо риояи талаботи адолат баррасӣ намояд».

Моддаи 14-и Паймони байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ низ ҳуқуқи ҳимояи судиро чунин муайян намудааст: «Ҳамаи шахсон дар назди судҳо ва трибуналҳо баробаранд, ҳар кас ҳангоми баррасии ҳар навъ айбдории ҷиноятие, ки ба ӯ эълон карда мешавад ё ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ дар ягон мурофиаи шаҳрвандӣ, ба мурофиаи одилона ва ошкорои парванда аз тарафи суди босалоҳият, мустақил ва беғаразе, ки дар асоси қонун таъсис дода шудааст, ҳуқуқ дорад».

Ин қоидаҳои пешқадами санадҳои ҳуқуқии байналхалқиро моддаи 19-и Конститутсияи ҶТ бо чунин мазмун мустаҳкам намудааст: «Ҳар кас кафолати ҳифзи судӣ дорад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мус- тақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст, баррасӣ намояд». Ин меъёри конститутсионӣ ҳуқуқ ба ҳимояи судиро дар қатори ҳуқуқҳои асосӣ муқаррар намуда, таъкид менамояд, ки ин ҳуқуқ ба ҳар кас, новобаста аз нажоду миллат, фарқҳои иҷтимоӣ, молу мулкӣ, синну сол ва дигар мутааллиқ буда, аз тарафи давлат кафолат дода мешавад.

Реклама