Вазъи ҳуқуқии шахс намудҳои зерин дорад:
- Вазъи ҳуқуқии шаҳрванд, шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд;
- Вазъи ҳуқуқии конститутсионӣ, маданӣ, маъмурӣ, меҳнатӣ, оилавӣ;
- Вазъи ҳуқуқии махсус: нафақахӯрон, занон, маъюбон, ятимон.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
- Вазъи ҳуқуқии инсон чист?
- Унсурҳои асосии вазъи ҳуқуқии инсонро номбар кунед.
- Шумо кадом навъҳои вазъи ҳуқуқии инсонро медонед?
- Навъҳои вазъи ҳуқуқии инсонро тафсир кунед.