§2. Таъмини иҷрои ҳуқуқ ба манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳуқуқ ба манзил яке аз ҳуқуқхои муҳим ба шумор рафта, дар бисёр санадҳои хуқуқии байналмилалӣ муқаррар шудааст. Масалан, дар банди 1-и моддаи 25-и Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон гуфта шудааст: «Ҳар як инсон бa чунин сатҳи зиндагӣ, аз ҷумла хӯрок, пӯшок, манзил, нигоҳубини тиббӣ ва таъминоти зарурии иҷтимоие, ки барои сиҳатию некуаҳволии худи ӯ ва оилааш зарур аст, ба таъминот дар ҳолатҳои бекорӣ, беморӣ, маъюбӣ, бесаробон мондан, пиронсолӣ ё дигар ҳолатҳои маҳрумият аз воситаҳои зиндагӣ, ки бо сабабҳои новобаста аз ӯ бa вуҷуд меоянд, ҳуқуқ дорад. Дар банди 1-и моддаи 11-и Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ омадааст: «Давлатҳои иштирокдори ин Паймон ҳуқуқи ҳар касро ба сатҳи кофии зиндагӣ барои худи ӯ ва оилааш, ки ғизо, либос ва манзили кофӣ ва муттасил беҳшавии шароити зиндагиро фаро мегирад, эътироф менамоянд».

Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқарраргардида дар биноҳои фонди манзили давлатӣ хона гиранд. Моддаи 45-и Кодекси манзили ҶТ муқаррар менамояд, ки манзилҳои истиқоматии фонди манзили давлатӣ тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷ доранд ва дар маҳалли аҳолинишини мазкур доимӣ истиқомат ё кор мекунанд, барои истифодабарӣ дода мешаванд. Шаҳрвандони ба рӯйхатҳои мазкур дохилкардашуда ҳуқуқҳои баробар доранд.

Ҳамзамон қонунгузорӣ бенавбат ба шаҳрвандони эътиёҷманд додани манзили истиқоматиро тибқи шартномаи кирояи иҷтимоӣ пешбини намудааст:

  1. собиқадорони Ҷанги бузурги ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда;
  2. шаҳрвандоне, ки манзилашон дар натиҷаи офати табиӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқомат номувофиқ эътироф гардида, таъмиру азнавсозии он имконнопазир мебошад;
  3. ятимони ба балоғатрасида, ки манзили истиқоматӣ надоранд;
  4. хидматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаи хидматчиёни ҳарбие, ки ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ҳалок шудаанд;
  5. ба модароне, ки якбора се ё зиёда аз ин кӯдак таваллуд кардаанд;
  6. ба оилаҳое, ки кӯдакони маъюбро тарбия мекунанд ва ғайра.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Ҳуқуқи ҳар кас ба манзил чӣ маъно дорад? Чаро ҳуқуқ ба манзил ҳуқуқи иҷтимоист?
  2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллиеро номбар кунед, ки ҳуқуқ ба манзилро кафолат медиҳанд.
  3. Аз алоқамандии ҳуқуқ ба манзил бо дигар ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мисолҳо оред.

Реклама