§5. Суди босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис ёфтааст

Суди босалоҳият гуфта судеро меноманд, ки аз рӯйи қонун барои баррасӣ намудани парвандаи мушаххас ҳуқуқ дорад. Қонун қоидаи мансубияти судии парвандаҳо ва ҳайати қонунии судро муайян намудааст, ки аз рӯйи онҳо босалоҳиятии суд муайян карда мешавад.

Суд бояд беғараз бошад – ин талаботи ҳуқуқи инсон ва пояи адолат аст. Танҳо дар шароити беғаразӣ суд босалоҳият аст, ки парвандаро баррасӣ намуда, адолатро таъмин намояд. Агар судя ва ё машваратчии халқӣ нисбат ба тарафҳо ва ё ба оқибати кор ғараз дошта бошад, ҳақиқатро барқарор намудани онҳо амрест муҳол.

Шахс ҳуқуқ ба ҳимояи суди қонуниро дорад. Яъне шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суде баррасӣ намояд, ки тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонун таъсис ёфтааст. Тартиби таъсис ва ташкили судро қонун муайян кардааст.

Кафолати ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ маънои онро дорад, ки шахсони муроҷиаткунанда тавонанд ҳуқуқҳои вайроншудаи худро тавассути суди мустақилу босалоҳият, беғаразу қонунӣ саривақт барқарор намоянд. Суде, ки ариза ва ё шикояти шахси муҳтоҷро ба истеҳсолоташ қабул намудааст, уҳдадор аст, ки тибқи қонунҳои мурофиавӣ, дар муҳлати муайяншуда онро барои баррасӣ ба маҷлиси судӣ таъин намояд ва дар натиҷа қароре қабул намояд, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои вайроншударо барқарор менамоянд. Мурофиа бо тарзи мубоҳиса ва дар асоси баробарии тарафҳо сурат мегирад (моддаи 88-и Конститутсия).

Реклама