Ёрии ҳуқуқӣ чун ҳуқуқи субъективии ҳар як инсон ва шаҳрванд баромад менамояд.
Ёрии ҳуқуқӣ аз тарафи адвокатҳо ва ё ҳуқуқшиносӣ давлатӣ расонида мешавад.
Ҳуқуқи шахс ба ёрии ҳуқуқиро моддаҳои 19 ва 92-и Конститутсия кафолат додааст. Моддаи 19-и Конститутсия муқаррар намудааст, ки: «Ҳар шахc аз лаҳзаи дастгир шудан метавонад аз ёрии адвокат истифода кунад». Адвокатура барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ таъсис дода мешавад.
Моддаи 92-и Конститутсия ёрии ҳуқуқиро ба фаъолияти тафтишотии мақомоти таъқиботи ҷиноятӣ ва мурофиаи судии парвандаҳои ҷиноятӣ, маданӣ, оилавӣ, маъмурӣ алоқаманд намуда, муайян менамояд, ки тарзи ташкил ва фаъолияти адвокатура ва дигар шаклҳои ёрии ҳуқуқиро қонун муайян мекунад.
Ёрии ҳуқуқиро дар шакли фаъолияти адвокатӣ Қонуни ҶТ «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» аз 15-уми марти соли 2015 ва Қонуни ҶТ «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ» аз 4-уми июли соли 2020 муайян намудааст.
Тибқи моддаи 1-и ҳамин қонун «Адвокатура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳоди касбӣ, ки дар он адвокатҳо бо мақсади расонидани ёрии ҳуқуқӣ муттаҳид шуда, мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ расонидани ёрии ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Намудҳои ёрии ҳуқуқӣ. Ёрии ҳуқуқии адвокатҳо ба муштариён бо роҳҳои зерин расонида мешавад:
Фаъолияти адвокатӣ оид ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз тарафи давлат кафолат дода мешавад. Мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор вазифадоранд, ки барои расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба адвокат имкон муҳайё карда, ҳуқуқҳои онро риоя намоянд.
Азбаски институти адвокатура ба манфиати кори умумидавлатӣ таъсис дода шудааст ва касеро бе ёрии ҳуқуқӣ мондан мумкин нест, якум, давлат ба ҳамаи ашхосе, ки дар қаламрави он зиндагӣ мекунанд, кафолат медиҳад, ки ёрии ҳуқуқӣ барояшон ба таври воқеӣ ва баробар дастрас гардад, дуюм, давлат дар қонун ҳолатҳоеро муқаррар менамояд, ки ёрии ҳуқукӣ барояшон бояд ройгон расонида шавад. Давлат барои ба шаҳрвандони камбизоат расонидани ёрии хуқуқӣ, инчунин барои пардохти пули ёрии ҳуқуқие, ки мувофиқи қонун бе пул ва ё бидуни шартномаи бо муштариён озодона басташаванда расонида мешавад, ҷудо кардани маблағи заруриро кафолат медиҳад.
Ҳамин тариқ, ҳуқуқ ба ҳимояи судӣ ва ёрии ҳуқуқӣ аз қабили ҳуқуқҳои шахсӣ буда, ба одамон имкон фароҳам меоранд, ки онҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои худро дар асоси ёрии ҳуқуқшиноси касбӣ дар назди суд ҳимоя намуда, худро аз ҳама гуна қонуншиканӣ дар ҳимояи давлат эмин нигоҳ доранд.
Мафҳумҳоро дар хотир доред: ҳимояи судӣ, суди босалоҳият, суди мустақил ва беғараз, эҳтимолияти бегуноҳӣ, ёрии ҳуқуқӣ.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама