Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандон тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ вазифадоранд дар қайди ҳарбӣ истанд, ба истиснои шахсоне ки бо Қонун «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» аз иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ озод карда шудаанд: онҳое, ки бо Қонуни мазкур аз уҳдадории умумии ҳарбӣ озод карда шудаанд, шаҳрвандони ҷинси зан, ки ихтисоси ҳарбии баҳисобгирӣ надоранд; онҳое, ки дар шакли маҳрумият аз озодӣ ҷазои ҷиноятиро аз сар мегузаронанд; онҳое, ки аз синни эҳтиётӣ будан гузаштаанд; занҳои соҳиби ихтисоси ҳарбӣ-баҳисобгирӣ буда, вале бештар аз 3 кӯдакдошта.
Бақайдгирии ҳарбии шаҳрвандон аз ҷониби комиссариати ҳарбии ҷойи истиқомат ба амал бароварда мешавад. Дар мавзеъҳои аҳолинишине, ки комиссариатҳои ҳарбӣ нестанд, бақайдгирии ибтидоии ҳарбиро ҷамоатҳо ба ҷо меоранд.
Мутобиқи қонун, шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-солаи дар қайдбуда ё онҳое, ки вазифадоранд дар қайд бошанду ҳуқуқи муваққатан озодшавӣ ё озодшавии батамом аз даъвати ҳарбӣ надоранд, барои даъват ба хизмати ҳарбӣ ба сифати аскари қаторӣ ё ҳайати сержантӣ вазифадор дониста мешаванд.
Муҳлати хизмати ҳарбӣ. Муҳлатҳои хизмати ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ чунин муқаррар шудааст: барои онҳое, ки хизмати ҳарбиро бо даъват дар вазифаҳои аскарон ва сержантҳо ба ҷо меоранд, 24 моҳ ва барои онҳое, ки таҳсилоти олӣ доранд, 12 моҳ. Оғози хизмати ҳарбӣ барои шаҳрвандони ба хизмати ҳарбӣ даъватшуда рӯзи аз комиссариати ҳарбӣ барои фирис- тодан ба ҷойи хизмат маҳсуб мешавад. Яке аз талаботи дигаре, ки барои иҷрои уҳдадориҳои ҳарбӣ барои шаҳрванд зарур аст ин ёд кардани савганди ҳарбӣ мебошад.
Реклама