Душаҳрвандӣ ё бисёршаҳрвандӣ ин ҳолатест, ки шахс дар як вақт мансубияти сиёсиву ҳуқуқии ду ё зиёда давлатро дошта, ки бо ҳуҷҷатҳои дахлдор тасдиқ карда мешавад. Яъне шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ҳам шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам шаҳрванди давлати хориҷӣ мебошад. Мувофиқи Қонуни конститутсионии ҶТ «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мансубияти шаҳрвандони Тоҷикистон ба шаҳрвандии давлати дигар норавост, ба истиснои мавридҳое, ки дар қонун ва шартномаҳои байнидавлатии Тоҷикистон нишон дода шудааст. Дар айни ҳол Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия Созишнома «Дар бораи танзими масъалаҳои душаҳрвандӣ» аз 7-уми сентябри соли 1995 ба имзо расонидааст. Дар асоси ин Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия низоми душаҳрвандӣ амал мекунад, ки мувофиқи он шаҳрвандони ҶТ дар як вақт метавонанд шаҳрвандии Федератсияи Русияро ба даст оранд ва баръакс, шаҳрвандони Федератсияи Русия низ аз ин имконият бархӯрдоранд.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама