Қонунгузории мамлакати мо фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсиро кафолат медиҳад. Мутобиқи моддаи 8-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ инкишоф меёбад. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи Конститутсия ва қонунҳо таъсис меёбанд ва амал мекунанд». Давлат дар фаъолияташон ба онҳо имкониятҳои баробар медиҳад.
Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд мустақилона дар асоси қонунгузории ҶТ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис диҳанд, инчунин ба ин гуна иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо шарти риоя кардани меъёрҳои оинномавии онҳо дохил шаванд.
Иттиҳодияи ҷамъиятӣ – иттиҳоди ихтиёрӣ, худидора ва ғайритиҷоратии шаҳрвандон мебошад, ки дар асоси умумияти манфиатҳо барои амалӣ намудани мақсадҳое муттаҳид гардидаанд, ки дар оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ нишон дода шудаанд.
Қонунгузории ҶТ шаклҳои зерини ташкилӣ-ҳуқуқии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро муқаррар намудааст:
Ҳизби сиёсӣ – чунин иттиҳодияи ҷамъиятие фаҳмида мешавад, ки вазифаи асосиаш иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи ташаккул додани иродаи сиёсии шаҳрвандон, инчунин ба амал баровардани ҳокимият ба воситаи намояндагони худ мебошад.
Тибқи моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шуда метавонанд. Ҳизбҳои сиёсӣ аз тарафи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодона, дар анҷумани (конференсия, маҷлис) муассисон таъсис дода шуда, дар он оиннома қабул мегардад ва мақомоти роҳбарикунандаи ҳизб ташкил карда мешавад.
Ҳизби сиёсӣ дар ҳудуди кишвар аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Барои гузаштан аз қайди давлатӣ ҳизбҳои сиёсӣ рӯйхати на камтар аз ҳазор нафар шаҳрвандони ҷонибдорро, ки сокинони аксар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мебошанд, пешниҳод мекунанд. Дар Тоҷикистон амал кардани ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, аз ҷумла сохторҳои онҳо манъ аст.
Феълан дар Тоҷикистон 7 ҳизби сиёсӣ амал мекунанд: Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби демократии Тоҷикистон, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон. Шаҳрвандони синнашон ба 18-солагӣ расида аъзои ҳизб шуда метавонанд.
Дар сурати аз ҷониби ҳизби сиёсӣ вайрон шудани меъёри Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин аз мамлакатҳои хориҷӣ кумакҳои иқтисодию сиёсӣ гирифтани онҳо, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи қатъ кардани фаъолияти ғайриқонунӣ огоҳинома мебароранд. Агар ҳизб дар муҳлати даҳ рӯз талаботро дар бораи қатъ намудани фаъолияти ғайриқонунӣ иҷро накунад, фаъолияти он бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муддати шаш моҳ метавонад қатъ карда шавад. Дар ҳолатҳои муайянкардаи қонун пурра қатъ кардани фаъолияти ҳизб мумкин аст.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама