Вақти истироҳат вақте мебошад, ки корманд дар давоми он тибқи Қонун аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ намудани манфиатҳои худ ва барқарор сохтани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад. Намудҳои вақти истироҳат инҳоянд:
а) танаффусҳо дар давоми рӯзи корӣ;
б) танаффусҳо байни рӯзҳои (смена)-и корӣ;
в) рӯзҳои истироҳат (истироҳати ҳарҳафтаина);
г) рӯзҳои ид;
ғ) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
д) рухсатиҳои иҷтимоӣ.
Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 2-юми августи соли 2011 рӯзҳои зерини ид ҳамчун рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд: 1 январ – Соли нав; 8 март – Рӯзи Модар; 21-24 март – Иди байналмилалии Наврӯз; 9 май – Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги ватанӣ; 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ; 9 сентябр – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон; 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; Рӯзи иди Рамазон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад; Рӯзи иди Қурбон – ҳар сол дар рӯзе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба дин муқаррар карда мешавад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама