Бо дарназардошти шароити имрӯзаи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ додани кумакпулӣ ба бекорон аҳаммияти фавқулода дорад. Одам дар он маврид бекор ҳисобида мешавад, ки вай аз ҷойи кор маҳрум гашта, бо мақсади дарёфти кори мувофиқ дар мақомоти меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ худро ба қайд гирифта бошад.
Кумакпулӣ ба одами бекор ба андози 50 фоизи андозаи минималии музди меҳнати ҷойи охирини кор дода шуда, он набояд аз андозаи муқарраршудаи минималии музди меҳнат кам бошад. Ба ин тариқ, аҳаммияти ин кумакпулӣ дар он ифода мегардад, ки шахс ҳар қадар муваққатӣ кор накунад, қонунгузорӣ гирифтани даромади муайянро барои пешбурди зиндагӣ кафолат медиҳад. Дигар шакли кумак ин кумак дар мавриди дафнкунӣ аст ва он ба шахсе дода мешавад, ки аз аҳли оилааш касе фавтидааст. Шарти асосии гирифтани ин кумакпулӣ шаҳодатнома дар бораи фавт аз мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ мебошад.
Ҳуқуқи гирифтани кумак дар давраи корношоямии муваққатӣ низ ба низоми таъминоти иҷтимоӣ дохил мешавад. Кумак дар давраи корношоямии муваққатӣ аз фонди истеҳсолӣ дар мавриди муваққатан қобилияти кориро гум кардани корманд ё хизматчӣ дода мешавад.
Кумакпулӣ ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуди кӯдак дар сурати пешниҳод кардани шаҳодатнома дар бораи таваллуд дода мешавад. Ин кумакпулӣ дар ҳаҷми пурраи музди меҳнат дар давраи рухсатӣ дода мешавад, ки 70 рӯзи тақвимиро баъди таваллуд фаро мегирад.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
Реклама