§4. Намудҳои дигари ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро вобаста ба хайати субъективӣ ва тарзи ба амал барориашон ба ҳуқуқу озодиҳои фардӣ ва дастаҷамъӣ ҷудо намудан мумкин аст.

Ҳуқуқҳои фардӣ – он ҳуқуқҳое ба шумор мераванд, ки шахс дар алоҳидагӣ имкони мустақилона амалӣ сохтани онҳоро дорад. Масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодии сухан ва ғайра.

Ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ – аз ҷониби субъектҳои зиёд амалӣ карда мешавад. Ҳуқуқҳои дастаҷамъӣ ташаббуси дастаҷамъонаро тақозо менамоянд.

Вобаста ба сатҳи мустаҳкамёбӣ дар санадҳои конститутсионӣ ва байналхалқӣ-ҳуқуқӣ, ҳуқуқу озодиҳоро ба асосӣ ва муштақ ҷудо менамоянд. Ҳуқуқҳои асосӣ дар санадҳои асосӣ, ба мисли Конститутсия ва санадҳои байналмилалӣ дарҷ гардидаанд. Ҳуқуқҳои муштақ бошанд, аз ҳуқуқҳои асосӣ бар меоянд ва онҳо дар бештари мавридҳо дар қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрӣ сабт мегарданд. Муқаррар намудани як гурӯҳи ҳуқуқҳо ҳамчун ҳуқуқҳои асосӣ маънои онро надорад, ки дигар ҳуқуқҳои инсон дуюмдараҷа бошанд ё барои ҳифзи онҳо масъулияти камтар муқаррар шуда бошад.

Вобаста ба имкони муваққатан маҳдуд намудан ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро ба мутлақ ва нисбӣ ҷудо менамоянд. Ҳуқуқҳои мутлақ дар ягон маврид маҳдуд карда намешаванд. Санадҳои муҳимми байналхалқӣ ду ҳуқуқеро ҷудо кардааст, ки мутлақ ба ҳисоб мераванд. Инҳо озодӣ аз шиканҷа ва озодӣ аз ғуломӣ мебошанд. Ҳамаи ҳуқуқҳои дигар, ки маҳдуд намудани онҳо дар мавридҳои истисноӣ, аз ҷумла ҳангоми ба вуқуъ омадани вазъи фавқулода имконпазиранд, ҳуқуқҳои нисбӣ мебошанд.

Вобаста ба вазъи сиёсӣ-ҳуқуқии субъект ҳуқуқҳои инсонро ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд ҷудо менамоянд. Ҳуқуқҳои инсон ба ҳама шаҳрвандон новобаста аз миллат, шахрвандӣ, нажод, ранги пӯст ва моликият тааллуқ дошта, ба онҳо баробар тақсим мешаванд (ҳуқуқ ба ҳаёт ва ғайра). Ҳуқуқҳои шаҳрванд ба шаҳрванди давлати муайян хос аст (ҳуқуқ ба интихобот ва ғайра).

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Тасниф чист?
  2. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро аз рӯйи кадом асосҳо тасниф менамоянд?
  3. Ҳуқуқу озодиҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро номбар кунед.
  4. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва боби марбут ба ҳуқуқҳои инсони Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бодиққат хонед ва нақшаи зерро пур кунед:

Конститутсияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон

Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон

  1. Ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) Моддаи
  2. Ҳуқуқҳои сиёсӣ Моддаи
  3. Ҳуқуқҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ Моддаи
  4. Ҳуқуқҳои фарҳангӣ

Моддаи

Моддаи

Моддаи Моддаи

Моддаи

Реклама