§2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқ ба меҳнат ва интихоби касб

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи инсон ба меҳнатро кафолат медиҳад.

Ҳар кас ба меҳнат, интихоби касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ҳуқуқ дорад. Музди кор аз ҳадди ақалли музди меҳнат набояд кам бошад.

Дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳама гуна маҳдудият манъ аст. Барои иҷрои кори якхела музди баробар дода мешавад.

Ҳеҷ кас ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда намешавад, ба истиснои мавридҳое, ки қонун муайян кардааст.

Дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон зарарнок истифодаи меҳнати занон ва ноболиғон манъ аст.

Моддаи 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шароити иқтисодиёти бозорӣ яке аз мушкилоти ҷиддӣ таъмини шаҳрвандон бо ҷойи кор аст. Бинобар ин дар мамлакати мо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» (соли 2003) қабул карда шуд, ки дар он асосҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии сиёсати давлатӣ дар соҳаи шуғли аҳолӣ, аз ҷумла кафолатҳои давлат ба меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ пешбинӣ шудаанд.

Шуғл – навъҳои гуногуни фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони қобили меҳнат ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифнабудаи бо қонеъсозии талаботи шахсӣ ва ҷамъиятӣ вобастаест, ки ба онҳо фоида (музди меҳнат) меорад.

Мутобиқи қонуни мазкур шаҳрвандони ҷойикорнадошта метавонанд, ҳамчун бекорон дар мақомоти махсуси шуғли аҳолӣ аз қайд гузаранд. Фаъолияти ин мақомот ба ҳимояи шаҳрвандон аз бекорӣ нигаронида шудааст. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи гирифтани музди меҳнат дорад. Бинобар ин корфармо (кордиҳанда), сарфи назар аз вазъияти молиявӣ, вазифадор аст, ки ба шаҳрванд музди меҳнат пардохт кунад. Вайрон кардани ҳуқуқи мазкур манъ аст ва ба шаҳрвандон барои меҳнати баробар бояд музди баробар дода шавад. Дар ин маврид музди меҳнати пардохтшаванда набояд аз маоши ҳадди ақалли муқарраркардаи қонун кам бошад. Музди меҳнати ҳадди ақал кафолати давлатӣ буда, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Ба музди меҳнати ҳадди ақал пардохтҳои иловагӣ, иловапулиҳо, мукофотҳо, ҳамчунин пардохти зиёд барои давомнокии вақти кор дохил намешаванд.

Давлат бо мақсади кафолати пардохти саривақтии музди меҳнат нисбати корфармоёне (кордиҳанда), ки пардохти музди меҳнати кормандонро ба таъхир меандозанд, чораҳои гуногунро пешбинӣ намудааст. Кормандони гунаҳкоре, ки ба таъхир гузоштани пардохти музди меҳнат роҳ медиҳанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Реклама