§3. Инкишофи низоми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд

дар давраи рақамикунонии ҷомеа

Ҳуқуқу озодиҳои шахс дар давраи истифодаи васеи технологияҳои иттилоотии рақамӣ ва зеҳни сунъӣ бо суръати баланд ва бо мақсади қонеъ гардидани талаботи нави одамон ба захираҳои иттилоотӣ ва электронӣ инкишоф меёбанд. Ҳуқуқҳои нави инсон дар робита бо рушди технологияҳои иттилоотӣ-телекоммуникатсионӣ, рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ташаккул меёбанд. Ҳуқуқҳои инсон ба иттилоот, ба дастрасии баробари технологияҳои иттилоотии рақамӣ, ба зеҳни сунъӣ, ба истифодаи захираҳои иттилоотӣ (давлатӣ, корпоративӣ, хусусӣ), ба захираҳои электронӣ (матни электронӣ, овоз, графика, барномаҳои электронӣ), ба мубодилаи электронӣ, ба савдои электронӣ, ба хидмати электронӣ (хидмати электронии гумрукӣ, андоз, таҳсилотӣ, тандурустӣ) аз ҷумлаи ҳуқуқҳои нави инсон мебошанд.

Ҳамаи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд дар ҷомеаи иттилоотии рақамӣ бо истифодаи технология- ҳои иттилоотии рақамӣ амалӣ карда мешаванд. Технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ба амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои шахс мусоидат ме-

кунанд. Чунончи ҳуқуқ ба таҳсил ҳоло бо истифодаи васеи технологияҳои иттилоотии рақамӣ (компютер, барномаҳои компютерӣ, барномаҳои мобилӣ, китобхонаи электронӣ, китоби электронӣ, воситаҳои таълимӣ-методии электронӣ, системаҳои таълимдиҳандаи компютерӣ, маводди таълимӣ-иттилоотии аудиоӣ ва видеоӣ, журнали электронӣ, видеофилмҳо ва дигар) амалӣ карда мешавад. Захираҳои рақамии таълим иттилооти графикӣ, матнӣ, рақамӣ, овозӣ, мусиқавӣ, видеоӣ, расм ва дигарро дар бар мегирад. Дар раванди таълиму тарбия усули таълими интерактивӣ (муколама, суҳбат, робитаи мустақим) ва усулҳои интерактивӣ (муҳокимаҳо, мубоҳисаҳо, интиқоли маҳорат, нақшофарӣ) истифода мешаванд.

Айни замон технологияҳои иттилоотии рақамӣ ва зеҳни сунъӣ ҳангоми амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои шахс бояд дар доираи меъёрҳои қонунгузорӣ, талаботи ахлоқӣ, арзишҳои фарҳанги миллӣ амалӣ карда шаванд. Ҳоло таъмини амнияти рақамӣ дар байни наврасон, риояи меъёрҳои ахлоқӣ ҳангоми истифодаи технологияҳои рақамӣ, фишори шабакаҳои иҷтимоӣ ба рафтори наврасон, кибертерроризм, вобастагӣ аз Интернет, сатҳи нокифояи масъулияти истифодаи технологияҳои рақамӣ аз ҷумлаи равандҳое мебошанд, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба ташвиш овардаанд. Илова бар ин технологияҳои иттилоотӣ яке аз роҳҳои маъмулии паҳн намудани меъёрҳои рафтору зиндагӣ ва арзишҳои ахлоқию маънавии ба мо бегона мебошанд. Равандҳои зикршуда дар маркази таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳо қарор доранд, чунки онҳо ба шуури кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, ҳолати равонӣ ва физиологиии онҳо таъсири манфӣ мерасонанд.

Аз ин хотир, ба роҳ мондани таълими иттилоотии рақамӣ дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи саводи рақамӣ, пешгирии таъсири манфии технологияҳои иттилоотӣ ба шуури кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, муҳокимаҳои мунтазами риояи арзишҳои ахлоқӣ ҳангоми истифодаи технологияҳои иттилоотии рақамӣ бо ҷалби мутахассисони ин соҳа, адвокатҳо, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳимояи анъанаҳои таълиму тарбия оид ба интиқоли арзишҳои маънавӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.

Мутобиқи банди 81-и Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 рақамикунонӣ дар низоми маориф, омодакунии кадрҳо ва таҳкими неруи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда метавонад барои ҷорӣ намудани унсурҳои асосии зеҳни сунъӣ ёрӣ расонад.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» санаи 28-уми декабри соли 2024 инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рақамикунонии пурраи хидматрасониҳои давлатӣ, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияҳои рақамӣ, таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот ҳамчун самтҳои асосии пешбурди иқтисоди рақамӣ дар панҷсолаи минбаъда эълон карда мешаванд. Дар Паёми мазкур ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон шудааст.

САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:

  1. Низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд чист?
  2. Кадом омилҳо инкишофи низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вази- фаҳои инсон ва шаҳрвандро муайян мекунанд?
  3. Хусусиятҳои низоми ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои инсон ва шаҳрванд кадомҳоянд?
  4. Ҳуқуқҳои иттилоотӣ ва рақмии шахс кадомҳоянд?

Реклама