Шаҳрвандони ҶТ дар асоси қонунгузорӣ ба ҳамаи намуди ёрии тиббӣ, инчунин ба ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, ёрии тиббии таъҷилӣ ва ёрии тиббии махсусгардонидашуда ҳуқуқ доранд. Мувофиқи моддаи 38-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шахс дар доираи муқаррарнамудаи қонун аз ёрии тиббии ройгон дар муассисаҳои нигаҳдории тандурустии давлатӣ истифода менамояд. Шаклҳои дигари ёрии тиббиро қонун муайян мекунад. Шаҳрвандон ҳуқуқи истифода аз ду навъи ёрии тиббӣ – ёрии тиббии ройгон ва ёрии пулакии муассисаҳои хусусии тиббиро доранд. Ҳамчунин дар қонунгузории тиббӣ гурӯҳҳо ва категорияҳои муайяни бемороне муқаррар карда шудаанд, ки ба онҳо бо дастурхатти (ретсепт)-ӣ духтур доруворӣ ройгон ё қисман ройгон дода мешавад. Ба ташкилу гузаронидани тадбирҳои аз бемориҳо пешгирикунандаи кӯдакон, занони ҳомиладор ва наврасон бояд диққати махсус дод. Давлат барои солимгардонии муҳити зист, инкишофи оммавии варзиш, тарбияи ҷисмонӣ ва сайёҳӣ тадбирҳо меандешад. Оид ба таҳким бахшидани заминаи моддӣ-техникӣ, рушди клубҳои машқкунию тарбияи ҷисмонӣ ва таъмин кардани онҳо бо кадр- ҳои баландихтисос тадбирҳо андешида мешаванд.
Воситаҳои асосии таъминсозии саломатӣ инҳоянд: гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳо дар ҷойи истиқомати аҳолӣ; мубориза бар зидди ин бемориҳо; таъмин кардани шароити мусоиди зиндагӣ; расонидани хизматҳои тиббӣ ва санитарӣ; дастрасии баробари халқ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва санитарӣ; масъулиятшиносии кормандони тиб барои сари вақт расонидани хизмати босифати тиббӣ; табобат ва барқарорсозии саломатии одамон.
САВОЛ ВА СУПОРИШҲО:
1. Зери мафҳуми ҳуқуқ ба саломатӣ чиро мефаҳмед? Кадом ҳуқуқу озодиҳо ин мафҳумро фаро мегиранд? 2. Зарурати ҳуқуқ ба ҳифзи саломатиро асоснок кунед.
Реклама